Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 66 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 66 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дурўғ. Хати сиёҳаш омада буд... Ин мардак аз ман чӣ мехост. Аз афташ, аз хати сиёҳи ў хабар надорад. Ё шояд...»
гуфтам ба худ ва фикрам ба дигар тарафҳо парешон шуд. Симои мардонаи зани Собир, ятим мондани баччагони ў ба ёдам расид.
Аҳд кардам, ки ҷомашўиро тамом карда, рафта онҳоро мебинам, вале орзую хаёл ва нияти маро овози дағалу баланди зани тағоям вайрон кард:
— Ҳамидаой, шумо пулдор шудеду мо дузд!
— Кӣ гуфт, янгамулло?
— Худо хайри раисро диҳад, ки ранги рўятон даромад.
— Оҳиста, янгамулло, ба шумо чӣ шуд?
— Чӣ мешуд? Боз чӣ шавад? Ман пули шуморо дуздидам?
— Кӣ гуфт?
— Ман чизи безурриётро намегирам...
Осмон чарх зад. Чашмонам чизеро надиданд. Хостам тағораи мағзобаро ба сараш занам. «Не, агар ў аз безурриёт ҳазар кунад, ман ҳам ба ин хел одамони паст даст расонданро ор медонам».
Ҷавобе надодам. Дастонамро ба сачоқи назди тағора пок карда ба хона даромадам, ки чизҳоямро гирифта, аз ин ҷо баромада меравам.
Модарам омад. Сурати воқеаро гуфтам.
— Куҷо меравӣ, ман чӣ кор мекунам?
— Ҷой ёбам, шуморо ҳам мебарам, – гуфтаму рафтам. Ба куҷо?
Худам ҳам намедонистам... Ба трамвай нишастам, маро ба вокзал овард. Бинам, поезди «Москва-Душанбе» ба сафар омодааст.
Сухани Нусрат диламро аланга гиронд. Радио ҳам такрор кард:
«Москва – Душанбе». Ба назди поезд омадам. Мардум бетартибӣ доштанд. Ҷойҳои ҳар кадомашон маълум. Албатта, бояд як говзўрӣ кунанд.
Ҷавонзани тахминан сисола тифли парпеч дар даст ба ҷавонмарде чашм медўхт. Он ҷавонмард китф мезад, ки ба ман роҳ кушояд. Мардум тира мекарданд. Ман ҳам баробари ҷавон китф задам ва кўдакро аз дасти ў гирифта боло бардоштам. Зан ба худ омада «Чӣ бесарусомонӣ» гуфт ва кўдакро аз дастам гирифт.
Занак маро наздаш шинонд. Поезд ба роҳ даромад. Давр гаштани чархҳои поезд саргузашти маро такрор мекард. Чашмонамро пўшидам, ки девори дудахўрдаро набинам.
Поезд фарёд мезад. Ба назарам Самарқанд дар таги кадом абри дури гўшаи осмон монд. Садои зарби чархҳо ғал гаштанҳои чархи тракторро ба хотирам овард.

— Бибӣ, бибиҷон, хезед!
— Ҳоло барвақт, ҷонакам. Хобат набурд?
— Не.
— Ин ҷо биё!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан