Ҳамида Сиддиқро аз нав ба ҷогаҳаш даровард. Писарак сар ба сақфи синаи ў гузошта, дароз-дароз нафас кашид.
— Бибиҷон!
— Ҷон!
— Имрўз ҳам бекитоб меравам?
— Не, имрўз китоб мебарӣ.
Сиддиқ завқ карда хандид, Ҳамида ба хаёл рафт,
— Ҳама билет доранд? – фарёд зад кондуктор. Ман ба ҷои «не» мисли чўҷаи сармохўрда гардан фурў кашидам. Кондуктор ба баччаи ҳамроҳонам зеҳн монда дўстдорӣ кард, пас ба ман нигарист.
— Куҷо меравед?
— Душанбе...
Чизе нагуфту гузаро шуд.
— Апа,– ўро ҷеғ задам, – ман билет нагирифтаам.
— Чаро?
— Фурсат набуд.
— Хайр, ҳеҷ гап не.
Ман акнун бо одамҳои хуб дучор омадам. Не, дурўғ нашавад.
Ҳама одамҳо хуб буданд. Ба ғайр аз тағоям ва Собир. Ҳамсафаронам маро одами худ донистанд, вале ман ба онҳо ҳоло чизе нагуфтаам. Фақат гуфтам, ки ба Душанбе меравам.
«Меравам. Гапи Нусратро умед карда меравам. Шояд рост бошад ва шояд ҷустуҷў карда Аҳрорро ёбам... Ўро бинам, мешинохта бошам? Ў низ маро мешинохта бошад? Пас аз шиносоӣ ман ба ў гўям, ки... не, намегўям... Пурсад ҳам, намегўям. Ўро як бор мебинаму «баргашта Самарқанд меравам» гўён аз ў дур мешавам...
Ин гап дурўғ. Ў зинда мебуд, аввал ба Самарқанд меомад. Ба сари гўри модараш рафта фотиҳа мехонд... Кӣ медонад, шояд мурдаи модарашро шунида, дигар дар он ҷо касе надорам, гуфта нарафта бошад. Шояд... шояд... Ҳумм... Ман ўро бинам, чизе гуфта наметавонам. Агар ў донад, ки ҳамаи ин барои халосии ў буд ва ман ба доми фиреби тағоям афтидам. Баъд чӣ? Ҳа, баъд фақат як чиз мемонад, ки ман... ман мисли дарахти бесамар мисли ҳамон бед, ки Комил ба рўи сабзавот соя мепартояд, гуфта бурида буд... Ҳамааш ҳамин. Лекин Аҳрор ба ман чӣ мегўяд? Гўям, ки туро ҷуста омадам. Не... ин хел намегўям. Беҳтараш ман ўро на...»
Садои баланди поезд маро ба худ овард, баъд ба ҳамроҳонам муроҷиат кардам:
— Ман бори аввал ба Душанбе меравам. Ҳеҷ касро намедонам...
— Парво накунед, дар Душанбе одам гум намешавад. Хоҳед, ҳамроҳи мо меравед. Хоҳари ман ҳамон ҷо, як оилаи аҷиб, ки...
Шавҳараш ҳам меҳмондўст. Ҷои кори калон-ба кор мекунад...





