Поезд нафасҳои дароз кашида, истод. Душанбе. Ман як ҷомадони онҳоро бардошта фуромадам. Интизори мошин шудем.
Аз вагони шафат аскарбаччае фуромад. Аз назди мо гузашту боз омад. Чашмаш ба ман афтод. Лабонаш меҷунбиданд. «Ҳамида...» гуфтанашро шунидам ва давомаш дар даҳонаш монд.
— Шумо аз Самарқанд не?
— Аз Самарканд.
— Номатон Ҳамида?
— Ҳа.
— Нашинохтед?
— Не...
— Шумо тракторчӣ?
— Аҳрор... Аҳрорҷон!!!
Ҳамсафаронам ҳайрон монданд. Хурсандии ман интиҳо надошт.
Ин чӣ рўзест, ки гузашта такрор мешавад. Ман боз Аҳрорро дидам. Аҳрори дўюмро. Суруди қадимае, ки гўё ман дар зери осмони кабуд мехондам, аз нав садо дод. Беихтиёр ба офтоби мисли оҳани гудохта сурх чашм дўхтам. Офтоб гўё дар уқёнуси кабуди беканор ғарқ мешуд. Кабўтарон зуд-зуд аз байни чашми ману офтоб гузашта, диққатамро рабуданд. Дар ин шаҳр ба назари ман аз ҳама бештар кабўтар расид.
— Ойтӣ, рафтем, – гуфт Аҳрор ва нигоҳи маро аз он манзараи зебо ва селаи кабўтарони бозигар барканд.
— Ба куҷо меравем, Аҳрорҷон?
— Ман дар ин шаҳр шиносе надорам... Ба назарам ҳеҷ ҷо ба мисли меҳмонхона бемалол нест, – гуфт Аҳрор ва ба ронанда фармуд, ки ба меҳмонхона барад.
Дар шаҳр маҷлиси машваратӣ мерафтаасту ҳама ҷойҳо банд.
«Шумо ҷойгир мешудед, ман дар кўчаҳо ҳам қадам зада, шабро рўз мекардам» гуфт Аҳрор, боз назди кассир рафт, ки ҷой пурсад.
Дар назди касса касе намонд. Аҳрор боз он ҷо рафт.
Кассир сарашро набардошта пурсид:
— Шумо зану шў?
Аҳрор ба ман нигоҳ кард. «Ҳа, гўед» – чашмак задам ман.
— Ҳа! – ҷавоб дод Аҳрор.
— Паспорт.
Аҳрор боз ба ман нигарист.
— Ана, марҳамат, – ман паспорти худамро, ки ҳоло Комил аз қайди он набаромада буд, дароз кардам. Кассир коғазчаро дароз карду «ошёнаи сеюм, хонаи бисту якум» гуфт.
Нигоҳ кунам, ранги рўи Аҳрор канд ва дастонаш ба ларза даромаданд.
Ба хона даромадем. Як кат, як курсӣ ва як тумба буд.





