Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 69 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 69 аз 470 · 3 ноябри 2026

Аҳрор сарашро хам карда меистод. Ман ҳам намедонистам чӣ гўям ва чӣ кунам.
— Шумо хоб кунед, ман кўчаҳоро қадам мезанам, – гуфт Аҳрор.
— Дар шаҳри бегона шабона гаштан хуб нест.
— Ҳеҷ гап не.
— Не, Аҳрорҷон. Шумо хоб кунед. Ман дар курсӣ мешинам...
Аҳрор розӣ нашуда, дар курсӣ нишаст, вале ман наметавонистам дароз кашам. Ман ба кат нишастам.
— Чаро ба Самарқанд нафаромадед? – пурсидам аз ў.
Ҷавобе надод. Ман ҳам хомўш шудам. Гуё ў мегуфт: ҳамаашро медонӣ, боз чӣ мепурсӣ? Саволро дигар кардам.
— Аҳрорҷон, дар Душанбе монданӣ ҳастед?
— Эҳтимол. Дар аскарӣ мактаби шофёриро тамом кардам...
Аҳрор орому хомўш шуд. Гумон кардам, ки ў ба хоб рафт.
Оҳиста нигоҳамро ба сўяш тофтам. Ба берун, ба торикӣ менигарист. Оҳиста телпакашро гирифта, дар шишаи тиреза худашро медид магар, ки ба мўяш панҷа зад.
Фикр кардам. Сар бардоштам, ки субҳ дар домони хомўшӣ ва оромӣ тавлид мешавад, вале ин субҳ аз паси тирезаи мо, ки ҳоло ҳам чароғ фурўзон буд, аҷиб намуд. Гўё бунафшазоре буд, ки рангаш фазоро оро медод. Ин манзара оҳиста-оҳиста ба гандумзори тиллоранг бадал шуд, ки аз зери чархҳои трактори ман рўида буд...
— Акнун куҷо рафтан мумкин? – пурсидам аз ў. Сарашро аз курсӣ бардошту гуфт:
— Шумо аз тиреза шаҳрро тамошо карда шинед. Ман иҷоракобӣ меравам Хона ёбем, ман ба кор медароям...
Аҳрор соатҳои дуи рўз омад. Хеле хафа буд. Ҳамроҳ хўрок хўрдему боз ба иҷоракобӣ даромадем. Мо мисли соиле ҳар дари ношиносро мекўфтем. Чеҳраҳо кушод, лабҳо пури табассум, вале афсўс мехўранд, ки барои иҷора хона надоранд. Аҳрор дареро оҳиста-оҳиста тақ-тақ кард. Арўсе баромад. Хона пурсидем.
— Шумо зану шў? – пурсид ў.
— Ҳа, – базўр овоз баровард Аҳрор.
— Шаб мардакро пурсам...
— Пагоҳ биёем? – пурсид Аҳрор.
— Ҳамин хел...

24

Мо иҷорашин шудем. Дар паҳлўи дарвоза як ҳуҷрача буд.
Соҳибаи ҳавлӣ «хона ана ҳамин» гуфт. Чашмам ба холи рухсораш афтид. Дурусттар нигоҳ кардам: чашмонаш бозӣ мекард.
Ману Аҳрор ба ҳам нигоҳ карда мондем: «Чӣ бояд кард?»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан