— Як магазинҳоро давр занем-чӣ, – гуфт Аҳрор. Ҷомадонро ба рўи хона гузошт, ман ҳам кўлвори худро болои он мондаму баромадем.
...Кати сафарӣ ва як кўрпайи рў. Он чизе, ки дар иҷорахонаи мо зиёд шуд. Ин шаб ҳам мо намедонистем, кӣ бояд куҷо хоб кунад.
Аҳрор берун рафт. Пас аз чанд дақика шақар-шақари садои оҳанпораҳо баромад. Аҳрор ду пояи кати кўҳнаро овард ва аз паси он соҳибаи хона даромад. Ба кўрпаву кати сафарӣ хуб нигоҳ карду:
— Ба ин ду кас хоб рафта наметавонад, – гуфт ва баромад.
Аҳрор нардбони катро овард ва пояҳояшро рост карда ба пешгоҳ гузошт: «Барои шумо» гуфт ва кати сафариро таги тиреза паҳн кард.
— Кўрпаро гиреду хоб кунед.
— Шумо...
— Ғами маро нахўред.
Хуб, ки ў ба ман ҳамроҳ буд, вале барои ман азоб мекашид, нағз не. Ў «шинеламро ба болоям мегираму мехобам» гуфт. Ман чизе гуфта натавонистам.
Боз соҳибаи хона дарро кушода, як лўла ва як кўрпача овард.
— Шумо...
— Ҳеҷ гап не, – суханамро бурида, дилбардорӣ кард. Соҳибаи хона гоҳ ба кати кўҳна ва гоҳе ба кати сафарӣ нигоҳ кард. Ба хаёл рафт. Ман кўрпачаро болои кати сафарӣ партофтам. Ў ҳайрон аз дар баромад.
Имшаб сахт хоб рафтам. Пагоҳ бедор шудам. Шинел аз рўи Аҳрор афтида буд. Шинелро бардошта, болояшро пўшидам...
Аҳрор коркобӣ рафт. Соҳибаи хона «Манзура» гуфта худро ба ман шинос кард ва оҳи сарде кашиду таассуфомез гуфт:
— Бахтатон хандидааст.
Ман ҳайрон ба ў нигоҳ кардам.
— Чӣ хел бахт?
— Бахт аз ин зиёд намешавад, ки кас чунин ҷавонашро ёфта гирад.
Ман чизе нагуфтам. Дилам фишор хўрд, ба назарам, дуди ғализе аз димоғам берун рафт. Бахте, ки доштам, ба занак нагуфтам, бо баҳонаи кўрпаро дуруст кардан рўямро гардондаму тамоми буғзамро зери лаб пуф кардам.
— Аҳрор кор ёфта тавонад хуб-куя! – гуфтам, гапро ба дигар тараф кашиданӣ шуда.
— Хафа нашавед, кор наёбад, худам дар паҳлўям мегирам.
— Чӣ хел дар паҳлўятон?
— Дар магазин, шогирд меистад...





