Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 71 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 71 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Не, ў шофёр. Ман ҳам бояд кор кунам.
Ў гўё гапи маро нашунид. Пас аз хеле сукут гуфт:
«— Имшаб ман магазинро қабул мекунам. Агар хоҳед, ҳамроҳ меравем, мебинед.
— Аҳрор биёяд-чӣ!
— Аҳрорро ҳам мебарем, аз он тараф бевақттар меоем.
Шавҳаратон намераванд?
— Не, он кас ҳавсала надоранд.
Аҳрор сухани Манзураро нашикаста, ҳамроҳ омад. Чизҳои вазнинро болои тарозу мегузошту мегирифт, бочкаи равғанро ғелонда меовард, халтаи шакару биринҷро мебардошт, аз яхдон ҳасибу равғани зард мегирифт. Бар мекашиданд, боз ба ҷояш мебурд. Ман баъзан тамошо мекардам ва баъзан ба шумурдани консерва, чою гўгирд, шакалоду шишаҳои холӣ ёрӣ медодам.
— Аҳрорҷон, садта мезанед? – гуфт Манзура.
— Не, ман арақ наменўшам.
— Сўфӣ гўед!? Иди занҳо наздик, менўшидагистед?
— Ҳеҷ вақт нанўшидаам.
— Барои Ҳамидаой ҳам?
— Барои ҳеҷ кас.
То ин дам барои ман фарқ надошт, ки чанд бор бо Аҳрор ба ном занушў шудем, лекин акнун гўё ба худ омадам: «Худоё, ин чӣ номи даҳшатовар, ин чӣ берўӣ... Не-не. Ман бояд ба ў фаҳмонам, ки зану шў не, апаю додарем.»
— Ҳамидаой, ба шумо чӣ шуд?
— Ҳеҷ чиз не, ойтиҷон.
— Хафа нашавед, ҳозир меравем.
— Манзура дона ба донаву грамм ба грамм ҳисоб мекард.
— Ба шўчетон кори хуб ёфт шуд... Саришта карда тавонанд, мошини ширкашони нағз, – гуфт Манзура.
Ў «шўчетон» гуфту бадани маро вараҷа гирифт. Бо вуҷуди он чизе нагуфтам.
Манзура шабҳои навбатдиҳиву навбатгирӣ Аҳрорро ҳам роҳ мебурд ва рўзҳои дар хона буданаш маро ба ёрӣ ҷеғ зада хўрокҳои бомазза тайёр мекарду «Аҳрор биёяд» гуфта интизор мешуд.
Шавҳари каллакалони ў ҳама вақт маст меомад.
Дандонҳои тиллои Манзура бо холи рухсора ва табассуми дилфиребаш як олами ҳусну назокат буд. Муомилааш бо ман дигар шуд: пичингомез савол намедод. Акнун илтимос мекард, ки шабҳо ҳамроҳи ў як ҷо бошам. Ваъда дод, ки маро ба шогирдӣ мегирад...
«Аз афташ, Аҳрор гуфтааст, ки мо зану шў нестем. Хуб кардааст: кайҳо гуфтанаш лозим буд».
Шавҳараш дар як хона, ману Манзура дар хонаи дигар, Ахрор дар иҷорахона.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан