Манзура маро ба шогирдӣ гирифт. Соати ҳафт мерафтему даҳ меомадем. Ҳамин ки омадем, аз шавҳараш ҳам пештар Аҳрорро дидан мехост, вале чӣ шуд, ки Аҳрор якбора ҳаваси Норак рафтан кард. Манзура ҳарчанд хост ва гуфт, ки дар ҳамин ҷо кори хуб ёфтан мумкин, Аҳрор қабул накард.
— Эҳтимол, мо ба дилатон зада бошем? – гилаомез пурсид Манзура.
— Ин хел нагўед.
— Шумо меравед, Ҳамидаой чӣ?
— Ҳамидаой ҳамроҳи шумо мемонанд... Ман тез-тез хабар мегирам.
— Не, ба ҳеҷ куҷо намеравед! – қатъӣ гуфт Манзура. Аммо Аҳрор аз роҳаш нагашт. Ба Норак рафт ва ман шогирди Манзура шудам. Аҳрор рафту худро, бо вуҷуди он ки Манзура ҳамроҳи ман аст, танҳо ҳис кардам. Аҳрор дер-дер хабар мегирифт. Пай бурдам, ки Аҳрор тамоман аз ман дур шудан мехоҳад. Аз ҳам роҳии мо гармиву сардие набуд. Ман мехостам ў бахташро ёбад ва шояд ман аз ҳавлии Манзура равам, ў дигар ин ҷо наояд. Ҳамин андеша буд, ки аз Манзура пурсидам:
— Ойтӣ, чӣ хел хона ёфтан мумкин бошад?
Ў ҳайрон шуд ва сонӣ:
— Чӣ, хонача маъқул не? – гуфт ва илова кард: – Иҷорапулӣ напурсидаам-ку, бемалол зиндагӣ кардан гиред. Хонаи ман не, хонаи худатон.
— Ойтиҷон, ман аз шумо беҳад миннатдор.
Гўё гапи маро нашунид, ки:
— Як ҷо як хонача ҳаст, пул лозим, – гуфт.
— Чӣ хел?
— Як шинос аз ин ҷо рафтанӣ. Хонаашро мефурўхтааст. Намедонам, чӣ карду чӣ не, хонаро ба номи ман қайд кард ва гуфт, ки «ҳазор сўм афтид».
— Ойтиҷон, ман ин қадар...
— Ҳамидаой, парво накунед. Шумо як хоҳарам. Пули ман ба шумо намесўзад. Зиндагӣ кардан гиред, пул ёбед, медиҳед Ў сари маро ба осмон расонд.
25
Дар оинаи хонаи танҳо акси худро дидам: дар мўйҳоям сафедӣ афтидааст. Оҳе баровардаму аксам дар оина гум шуд. Баъд дидам, ки нафаси сардгаштаам ҳавр бароварда, ба рўи оина задааст.
Ҳаврро пок карда, аз нав ба оина нигаристам, ки рост аст ё дурўғ.
Рост будааст, дар мўям сафедӣ афтидааст, саволҳои пай дар пай ба сарам заданд. Чаро ин қадар барвақт мўят сафед шуд? Чӣ дидӣ аз ин зиндагӣ? Магар зиндагӣ ҳамин аст, ки дидам?.. Не, ин хел набудагист?...





