Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 73 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 73 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ё шояд ҳамин тавр асту ман хеле чизро аз даст додаам? Бале, чунон ки мегўянд, умр офтоб нест, ки баргардад.
Умр мисли рўд аст, як ҷўш мезанаду бебозгашт меравад. Ҳамин ки мисли равғани чароғ кам шудан гирифт, ҳама чиз ба «шояд»-у «эҳтимол» мегаштааст...
«Хайр, дар зиндагӣ ҳеҷ чиз-ку надидӣ, вале чӣ кардӣ? Ниҳол сабз кардӣ? Фарзанд... Худоё худовандо... забонам намегардад, ки гўям... Ҳеҷ чиз накардӣ, занак, ҳеҷ чиз! Аз дастат чӣ меояд? Ана мебинӣ, мўйҳоят сафед шудаанд. Маълум... Ба як кас пинҳонӣ некӣ кардан ҳам некӣ ҳаст? Магар он барои ҳама?... Ҳама мефаҳмад?
Агар фаҳмад, вай некии умумӣ мешавад? Баъд мегўянд, ки фалон занаки бе... ҳамин хел некӣ кардааст? Не. Ба гўшаи гумони касе намерасад. Дар ҳамон вақт ҳам касоне ёфт мешаванд, ки болои мурда сад чўб, таъна мекунанд. Агар аз дастам меомад... Ҳаа...
Агар ҷавонӣ медонист ва пирӣ метавонист...»
Дилам буғз кард. Танҳоӣ ба дилам зад. Дилам мехост, ки ҳамроҳ дошта бошам. Аммо чӣ хел? Ягон кўдакро гирифта калон кунам? Дер нашуд? Фикр кардам, фикр кардаму ба хулосае омадам, ки ба хобгоҳи студентон мераваму ягон духтари бекасро меёбам ва ҳамроҳ мегирам. Бегоҳ, вақте ки офтоб монанди лаълии аз оташ бардошта дар охири кўчаи рост хам мехўрд, ба хобгоҳи студентон рафтам. Дари хонаи духтаронро кўфтам.
— Ба ман ҳамроҳ лозим, –гуфтам. Ҳайрон ба ҳамдигар нигоҳ карданду чизе нагуфтанд. Баъд яке аз онҳо пурсид:
— Барои ёрӣ?
— Не, ҳамхонаву ҳамхоба.
— Шумо танҳо? – пурсид яке ва дигаре пои ўро зер кард. Ман фақат сар ҷунбонидам. Онҳо хомўш шуданд. Ман ҳам чизе нагуфтам.
— Мо ду кас равем, майлаш? – пурсид боз ҳамон духтар.
— Майлатон...
Хурсанд шудам, ки якбора ду духтари наврасу зебо дорам.
Ҳокима ва Гулӣ. Дигар ба ман ҳеҷ чиз лозим набуд. Ман мехостам ба онҳо хизматгор шавам. Вале одамӣ шири хомхўрда. Ҳамон солҳо қоидаи нав баромад, ки студентон ҳам хонанд ва ҳам синфҳояшонро шабҳо рўфта шўянд. Духтарҳо ҳам гоҳ-гоҳ ба синфшўӣ мерафтанд. Шабе ҳамроҳашон рафтам, то ёрӣ диҳам ва аз он тараф ҳамроҳ оям. Онҳо нороҳат шуданд. Ман гумон кардам, ки аз ташвиши ман дар хиҷолат монданд.
Шаби дигар навбат гирифтаму ба хона омадам, ки дарҳо қуфл ва дар болои кат як саҳифаи дафтар: духтарон ба ман хатча гузоштаанд:
«Ба ҳамааш раҳмат. Мо ба хобгоҳ рафтем»...
Боз ману хонаҳои танҳову тор. Гоҳ-гоҳ ҳамсоязан Шарифа меояд. Худам хафа шавам, пеши Манзура меравам. Ў Аҳрорро мепурсад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан