«Мумкин дигар наояд» мегўям. Оҳ мекашад. Ман аз ў зиёдтар маҳзунам, вале... Шинели ў бо ман аст. Хунук хўрам, ба рўй мекашам, набошад ҳама вақт зери сарам.
Аз ҳама чиз безор шудам. Фақат мехостам як бор модарамро дида, буғзи диламро кафонам. Вале чӣ хел? Ба тағобаччаам мактуб навиштам, ки модарамро гирифта ояд. Пас аз чанд вақт ҷавоб гирифтам, ки «Онамуллом касал, рафта наметавонанд, худатон як омада равед» навиштааст.
Ҳуш аз сарам парид. Навбатамро супоридаму ба назди модарам рафтам.
Модарам маро дида ҳаракати хестан кард ва мисли мошини дами чархҳояш баробар сардода фурў нишаст. Дар назди ў ба зону афтидам ва ба оғўш кашидам. На ў чизе мегуфт ва на ман. Фақат ҳис мекардам, ки бо дастони бемадораш маро ба сари синааш пахш мекунад... Ў маро сар доду ба рўям дида давонд, баъд ба мўи сафедам нигарист ва сар ҷунбонд: «Не... не-не-не... не!!!»
26
Панҷ рўз назди модарам истодам. Модарам ҳар рўз чанд бор, гўё ки ба гапи ман бовар намекарда бошад, аз кору борам мепурсид. Як рўз ниятамро гуфтам: «Танҳоӣ ба дилам зад, ягон касро писархонд мекунам». Ба фикр рафт ва оқибат гуфт, ки агар ин тавр кунам, ҳам худо розӣ мешаваду ҳам банда. Дар дилам хурсанд шудам. Ба назарам дар ин муддат ў маро дида, як қадар беҳтар шуд.
Иштиҳояш омад. Ба пои худ равон шуду ба ҳолам нагузошт:
— Духтарам, аз корат мондӣ, рав, аз ман хавф набар. Ман нағз. Насиб бошад, то нн дафъа омаданат тамоман шифо меёбам.
Худо ёрат, – гуфт.
Ў бо дастони ларзон гардан маро оғўш карду ба сўяш кашид ва бо лабони камҳарораташ чашму рўямро бўсида, табассум кард:
«Хайр, то дафъаи дигар ман шифо меёбам. Хайр...»
Садои орому бемадори модарам мисли аллаҳояш ба гўшам сурб барин рехтанд... Ин садои охирини ў буд, ки ман шунидам...
27
Ҷавоне сад грамм ҳасибу як дона чой пурсид.
Дилам шуввӣ карда рафт. Ин қадар монанд, пешонаи васеаш, рўи гандумгунаш тамоман Аҳрор барин. Чӣ гуфтанро надониста, нигоҳ карда мондам. Ў ҳам хеле нигоҳ кард, дурусттар бинам Аҳрор не, монанд кардаам. Ҳасибу чояш додам. То назди дар рафту баргашта омад.
— Оча, бубахшед, пурсидан айб нест, ягон ҷо хонаи иҷора намедонед? – гуфт оҳиста. Хонакобини худаму Аҳрор ба хотирам омад.





