— Шумо танҳо?
— Не...
— Як хона ҳасту маъқул намешавад-дия.
— Сарпаноҳ бошад, мешавад.
— Пагоҳ ҷавобашро мегўям.
Ваъда додаму баъд ба ёдам зад, ки хона хонаи ман не, хонаи Манзура. Баъди кор назди Манзура рафтам: хуб бўсиду:
— Ҳамидаой, ба шумо чӣ шуд? – гуфта пурсид.
— Тинҷӣ, Ойтиҷон.
— Ҳар рўз чашмам ба дар, ки шумо ё Аҳрор медароед.
— Ойтиҷон, кор бисёр, Аҳрор чанд вақт боз наомадааст. Аз танҳоӣ ғусса мехурам. Барои маслиҳат омадам. Як ҷавон хона мекобад, зан доштааст.
— Ҳамроҳ оварданӣ?
— Чӣ мегўед?
— Нағз бошад...
Он шаб Манзура нагузошт равам. Ҳамроҳ хобидем.
Ҷавон гашти пешин омад... Ўро ба хона овардам, «мешавад»
гуфт. Рафту як ҷомадон китоб бардошта омад. Ҳамсояҳо байни худ овоза карданд, ки ман ба ҳамин ҷавон расидаам.
— Ҷои айб нест, занҳои бева донишҷўёнро мепоянд.
Ин овози Шарифа буд, дугонаи аз ҳама наздики ман. «Дили раҳмин - ҳамеша ғамгин».
Аввал хафа шудам. Хонаро ба ҷавон гузошта, назди Манзура рафта, хоб карданӣ шудам. Вале «оча» гуфта, муроҷиат кардани ҷавон маро боздошт. Аз ҷавон номашро пурсидам: – Ҳамдам,
– гуфт.
Ҳамдам ҷавони қобил, рафтору кирдораш Аҳрор барин: ба чашми кас нигоҳ карда гап зада наметавонад, гапат аз даҳон набаромада, матлабатро мефаҳмад. Баъди ду-се рўзи ҳамзистӣ ба назарам чунин намуд, ки ўро аз тифлиаш медонам, рўи дастонам гирифта калон кардаам... Ба Ҳамдам дил бастам.
Ҳамдам дар мактаби олӣ мехонд. Пас аз даҳ рўз ба ноҳия рафта занашро овард. Хонаам равшан шуд. Ҳаросам гурехт. Рўҳ гирифтам, ҷавон гаштам. Ба ҳама маломатҳо бепарво шудам. Ба назарам, ки таровату ҷавонии ман ба ў гузашта буд. Ў ҳам маро бо забони ширин «оча» гуфт. Ман аҳд кардам, ки ба ин ном сазовор бошам.
Нозгул хонаро сомон мекард. Ҳамдам мехонд, ман кор мекардам. Бегоҳ як ҷо мешудем. Ман ба ҳар дуи онҳо нигоҳ мекардаму дар дилам «ёфтам, кабўтарҳоямро ёфтам» мегуфтам, пас мисли даравгари шалпаршуда орому бепарво хоб мерафтам...
Ҳамин тавр чанд рўз гузашт. Як бегоҳ дар сари хўрок, бинам, Нозгул аз зери абрўвон дуздида ба ману шавҳараш нигоҳ мекунад.
Кабкчўҷаи сўр барин худро ақиб кашад. Ҳайрон шудам. Фикрҳои парешон ба сарам заданд.





