Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 76 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 76 аз 470 · 3 ноябри 2026

Монда шуда ба хона омадам, ки Ҳамдам болои кат дароз кашидаасту рўяшро китоб мепўшад. Нозгул зери айвон, чашмонаш сурх ва табъаш хира. Нигоҳ ҳам накард. Салом ҳам надод. Ман намехостам, ки дар вақти ҳомила буданаш ў гиря кунад.
— Чӣ шуд? – пурсидам аз ў. Ҷавобе надод, рўй гардонд. Ҳайрон шудам. Ба лаби суфа паҳлўи ў нишастам.
Ҳамдам сурфида баромад.
— Ҳамдамҷон, ранҷондӣ-чӣ?
— Гапи беҳуда...
— Беҳуда мебуд, ў гиря намекард.
— Намедонам, кадом ҳамсоя чӣ, ки гуфтааст.
— Кӣ, келинҷон? Чӣ гуфтанд?
Ў боз ба гиря даромад, вале чизе нагуфт. Ба сарам дард даромад. Даст ба пешонӣ бурда, ҷо ба ҷо нишаста мондам. Ҳамдам парида хест:
— Оча, ҳеҷ гап нашудааст, аҳамият надиҳед!
Ў сару рўи маро дастмол кард. Ман бо гиря буғзи диламро бароварда, ба Нозгул дурусттар нигоҳ кардам, ба абрўвонаш усма кашида буд ва мўи сараш чилбофт. Кокулҳояш ўро оғўш карда буданд. Як парандаи зеборо мемонд.
Баъд фаҳмидам, ки Нозгул ба хонаи Шарифа мўйбофӣ рафта будаасту ў маро хуб навохтааст: сабукпо гуфта, Аҳрору Ҳамдамро ба ман ошиқ нишон додааст. Акнун маънии аз зери абрў поида нигоҳ кардани Нозгулро фаҳмидам.
— Азизакам, кас ин хел зудбовар намешавад, – гуфта ўро ба оғўш кашидам, вале ў худро канор гирифт. Кўча баромадам ва рост назди Манзура рафтам. Ў хеле хурсанд шуд ва «келиндор шудӣ» гуфта, маро муборакбод кард.
Шаб ҳамроҳи Манзура мондам.
— Зиндагӣ кирои ғам хўрдан не, Ҳамидаой, умрро хуш гузаронидан лозим, – насиҳатомез гуфт ў.
— Ҳа, – кўтоҳ ҷавоб додам.
Баъд ў маро ба зиёфати зодрўзи касе даъват кард:
— Шиноси хуб, мудири магазини даруни бозор, – фаҳмонд ў.
– Тўрақул. Ҳўў ба магазин меомад-ку?
...Манзура як рўзи дароз тайёрӣ дид: мурғу самбўса пухт ва бегоҳ ду шиша коняк ҳам гирифта «тўҳфа» гўён ба сумка андохт.
Поям намекашид:
— Манзурахон, мебахшед, ман рафта наметавонам...
— Чаро?
— Ду шаб боз хона набудам, писарам...
— Ҳеҷ гап не...
— Не, намеравам, мебахшед.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан