— Ҳамидахон, шумо кўдак не, ки...
— Не, наметавонам, келинам вазнин, маҳаш даромадагӣ...
— Ҳамин тавр? – маънидор ва миннатомез пурсид Манзура.
Ман хомўш мондам.
Ў дигар чизе нагуфта, тез-тез қадам зада, бехайрухуш баромада рафт... Гўё вай не, ман соҳибхона будам.
Ман низ баромадам. Ў дар роҳ такси дошта меистод.
— Шинед, – боз гуфт ў.
Некиҳои Манзура ҳамчун хун пеши чашмамро гирифт. Лекин дилам раг зад...
Такси моро ба канори шаҳр, паҳлўи биноҳои навсохт бурд.
Манзура «биё» гўён ба ошёнаи саввум баромад ва занги дари ростро пахш кард. Марде дарро кушод. Як ҷавонмарди дигар дар ошхона сабзӣ пора мекард. Дигар ҳеҷ кас набуд. Ман ба маънои «дигарон куҷо?» ба ў нигоҳ кардам. Ў чашмак зад, ки шинам.
Ду ба ду нишастем.
Мардҳо ҳамсоли мо метофтанд. Вале дар байнашон ман калонсол метобам – мўям сафед...
Онҳо мардони ғабғабадор, сафедрў буданд. Маълум буд, ки фақат хандидан мехостанд. Чунон муомила мекарданд, ки мо шиноси дерина бошем.
Хеле нишастем, касе наомад.
— Хайр, дер шуд, дигарон наомаданд, – гуфт марде, ки дар ба рўи мо кушода буд, – сар мекунем. Мана имрўз Қобилҷон тавлид шудиян, – гўён ба қадаҳҳо коняк рехт, ки чандин лаҳҷаро омехта гап мезад. – Мехоҳам, ки Қобилҷон умри дароз бенанд!
— Раҳмат! – изҳор кард Қобилҷон.
Онҳо қадаҳ бардоштанд. Ман хомўш будам.
— Канӣ, меҳмон! – ба ман рў овард соқӣ.
— Ман? Не...
— Ин хел намешавад, Қобилҷонро хафа накунед, – хоҳиш кард ў.
— Раҳмат, ман сухани Манзурахонро нашикаста омадам.
— Миннатдор, – гуфт Манзура, – барои боз маро камтар ҳурмат кардан нўш!
— Манзурахон, ман сухани шуморо ду намекунам, лекин дар ин бора не.
Мардҳо ба Манзура нигоҳ карда, гўё мепурсиданд: «Ин чӣ гап?»
Манзура сурх шуд: ў нўшад, рухсораҳояш ба ранги гулобӣ мегашт, вале ҳоло аз хиҷолат сурх шуд... Маро хеле илтимос карданд, ки нўшам, розӣ нашудам. Фақат фикр мекардам: «Чаро мо ду ба ду? Наход, ки Манзура бо ягон нияти бад маро ин ҷо оварда бошад? Наход?... Наход?... Наход ки...» Андешаи маро сухани Тўрақул, ки оҳиста ба Манзура гуфт, бурид:





