— Киро пеши мо овардӣ?
Манзура ҷавоб надод ва хафа шудаги барин аз ман рўй тофт.
Ман гўё сухани ўро нашунидам, вале таҳқири ў ба такрор ба гўшам садо медод: «Киро... киро... киро?...» Ман на хеста рафтанро медонистам ва на шиштанро. Садои мусиқӣ баромад: ба назарам, ки дар гўшҳои ман менавохт. Тўрақул ба Манзура даст дароз кард.
Ў бархост, сонӣ аз баногўши ман сухани Қобилҷон баромад:
— Танса мехоҳед?
Ман ноилоҷ хестам. Ў дасти рости маро ба кафи дасти чапаш гирифта ва дасти росташро аз камари ман гузаронида, гўё маро оғўш кард. Ман кўдак набудам, вай ҳамин хел тасаввур мекард... Баданамро вараҷа гирифт... Дидам, ки Тўрақул оҳиста ба Қобилҷон чашмак зад. Дасти ў мисли каждум дар миёни ман мехазид ва ў маро ба худ ҷафс кардан мехост. Сари синаи ў боз пештар медамид. «Кай тамом мешуда бошад?» Мусиқиро дар назар доштам. Қобилҷон кўшиш мекард, ки ба қаъри чашмони ман нигоҳ кунад. Ва ман гўё ки чизеро пай намебурда бошам, ба сурати бараҳнаи зане, ки дар болои диван ба девор задаанд, чашм медўзам. Пойҳои рақснаомўхтаам дар ҳар гашт пои ўро мекўбанд.
Вале ў бар ивази ин маро боз ҷафс кардан мехоҳад...
Мусиқӣ тамом шуд, ман оҳи дароз кашидам, гўё оҳи ман давоми мусиқии дилбазан буд. Қобилҷон ба ман таъзим кард...
«Ман чӣ қадар пасмонда, ақаллан рақси аврупоиро намедонам.
Арақ намехўрам. Ҳақиқатан бемаданият, пасмонда... Ҳум...»
— Механдӣ? – пурсид Манзура.
— Барои бемаданиятиам. Ин кас як бори дигар бо ман рақс кунанд, бепанҷа мешаванд...
Суханамро тамом накарда Қобилҷон ба гап даромад:
— Сад панҷа садқаи сари шумо.
— Ин хел нагўед, як панҷа ҳам лозим мешавад.
Ман кўшиш мекардам, ки онҳоро хафа накунам, хандида гап мезадам... Ду бор ба рақс хестам, дафъаи саввум не...
— Набошад, чӣ-ба омадӣ?! – якбора фарёд зад Манзура.
— Худатон биё гуфтед-ку?!
— Модом ки омадӣ, нўш, танса кун, хурсандӣ...
— Аз ин зиёд боз чӣ хурсандӣ?
— Ту духтарча не-ку!
Ман чӣ ҷавоб гуфтанро надонистам. Як дарду алам дар қафаси синаам туғён мекард. Рўйҳоям тафс баровард. Дандон ба дандон мондам.
— Ман туро одам гуфта овардам, – боз ғур-ғур кард ў.
— Акнун одам набуданамро фаҳмидед? – заҳра кардам ман.
Вай ҳам дандон месоид. Гўё аз ман ҳам бадқаҳртар менамуд, мисли хирси захмӣ.
— Хайр, ман меравам, – бархестам.





