— Дафъ шав! – бо ғазаб гуфт Манзура, ки гўё тамоми нақшаҳояшро ман барбод дода бошам.
— Ҳамааш маълум, Манзурахон, вале...
— Чӣ маълум?...
— Худатон медонед, ман аз шумо миннатдор...
Манзура ба ҷои ҷавоб қадаҳе нўшид ва назди ман омад.
«Кўрнамак!» - аз зери дандонҳои фишурдааш ин сухан баромад.
Дандонҳои ман низ фишурда шуданд. Мо ба ду мусичае монанд будем, ки каллаамонро хам карда ҳуҷуми ҳамдигарро мепоидем.
Ў даст дароз карда аз гиребони ман гирифт, кашид. Дасти ўро тела додам.
— Гузар, шин! – хитоб кард ў, гўё ки ман дастнигари ў бошам.
— Не, ман меравам. Ба писарам нагуфта омадам...
— Ҳуъ... писарам...– пичинг кард ў.
Ман тоқат наоварда, дарро кашидам. Кушода нашуд.
— Эээ, аз осмон афтида бошӣ ҳам, – гўён Тўрақул маро аз пушт оғўш карда, бардошта бурданӣ буд. Бо шаст силтав дода худро раҳо кардам.
— Чӣ мехоҳед? – фарёд задам. Тўрақул хандид ва:
— Ин қадар сода нашавед, – гуфт.
— Ман шуморо намешиносам, гапам бошад, ба ин кас мегўям,– ба Манзура ишора кардам.
— Гўй ҳозир!
— Не, дар ҳушёриатон.
— Мана маст гумон кардӣ? Ҳоло туро хўрам ҳам, ақламро гум намекунам.– Дар ҳақиқат Манзура ҳамин хел як зани бақувват буд. – Медонам, ту чӣ мегўӣ...
— Донед, хуб.
— Кушо дара! – ба Қобилҷон хитоб кард Манзура.
Гўё ки касе аз паси дар таъқиб мекарда бошад, зинаҳоро башаст фаромадам ва ба сари роҳи калон тохтам. Ба ҳар мошине, ки рост ояд, даст мебардоштам. Вақте ки ронандаи такси «Ба куҷо барам?» гуфта пурсид, баъд ба худ омадам.
— Ба гузари «Умед», ҷавоб додам ба ў ва фикр кардам, ки ба Ҳамдам чӣ ҷавоб диҳам. «Ду шабу ду рўз куҷо будӣ?» гўяд, чӣ гўям?...
29
Дар рўи ҳавлии магазин норинҷ мефурўхтанд. Мудир аз ман хоҳиш кард, ки ба Эшмат ёрӣ диҳам. Чаро Эшмат? Вазифаи ў посбонӣ-ку? Чӣ ҷои савол?...
Ман норинҷ бармекашидам, Эшмат пул мегирифт. Мудир ду-се тарозу баркашидани маро дида, «нее, Эшмат, худат гир»





