Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 80 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 80 аз 470 · 3 ноябри 2026

гуфт. Ман «пулашро ҳам худатон гиред» гуфтаму назди духтарон даромадам. Онҳо «ойтӣ, чаро рангатон зард шудааст?» гуфта маро миёнагир карданд. Ҳамин дам Ҳамдам аз паси шишатирезаи магазин гузашт.
«Ваай, ойтӣ! Чи хел писаратон хушрўй!» - гуфтанд духтарон.
Ман ба Ҳамдам бо ҳайрат нигоҳ кардам, ки ягон гап нашуда бошад.
— Шаб шуморо як кас кофта омада буд, Аҳрор ном доштааст,
– гуфт ў.
— Куҷо рафт?
— Гашта рафт.
— Ҳеҷ чиз нагуфт?
— Як бинам гуфта, омадааст...
— Вай акаат мешавад, даро нагуфтӣ?
— Гуфтам, надаромад. Як шинелаш будааст, бурд.
— Бурд?!
Гуё ман писари сарнахустамро гум кардам... Чаро ман ин қадар ҳама чизро зуд гум мекунам? Дер меёбаму зуд гум мекунам...
Ҳамдам дигар чизе нагуфт, аз магазин баромад. Ман ҳам нагуфтам, ки норинҷ гирифтам, ба хона бар. Аз пасаш баромадам.
Ҳамроҳ хона рафтем.
...Дари ҳавлиро касе бе тақ-тақ кушод: Сайёд – писари аз ҳама хурдиам. Дар айвон тўрхалтаи норинҷро диду «баъд салом мекунем» гуфта ҳамон ҷо нишаст.
— Апа, чандто-чандто мехўранд? – гуфт.
— Бачем, як донаашро чанд кас мехўранд, – гуфта хестам ва рафта ўро бўсидам.
Омадани ў вазъияти мисли ҳавои гирифта нохуши моро аз миён рабуд. Нозгул ҳам аз ҷояш парида хест, чой монд. Сайёд ҳам як норинҷро пўст гирифту чор тақсим кард ва як-як ба даҳони ҳамаамон гузошт. Ў ҳамаро оштӣ дод, вале худаш нафаҳмид.
Сайёд қариб нисфи норинҷи тўрхалтаро хўрда, сонӣ:
— Апа! Ҳаминро ба ягон лаълӣ гирифта, рўи дастархон мондан мумкин не? – гуфт.
— Бе лаълӣ ҳам рўи дастархон рехтан мумкин, – гуфтам.
— Ҳа, мумкин, – гуфт ва ба Нозгул хитоб кард: – Янга, ош пухт?
Ҷавобе нагирифт. Ба ман нигоҳ кард:
— Чӣ шуд?
— Ҳеҷ чиз... Нашунид.
— Янга!
— Лаббай!
— Ош пухт?
— То чой нўшидан мепазад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан