Нозгул зуд ба ошхона даромада, сабзиву пиёз гирифт. Ман ба ў ёрӣ додам. Ҳамдаму Сайёд ҳарду ба китоб часпиданд... Онҳо касоне буданд, ки ману Нозгулро низ китобхон карданд.
Ҳамдаму Сайёд зуд-зуд рўзномаву маҷалла бардошта меомаданду гап назада рўи миз мегузоштанд. Ман онҳоро варақ мезадам.
Дар саҳифаҳо номи онҳоро дарёфта, дар боли кабўтарони гумшуда нишаста, ба осмон парвоз мекардам. Сайёд шеър менавишту
Ҳамдам – ҳикоя.
Акнун ҳар куҷо шинам, бо фахр писаронам – фалониҳо мегуфтам ва гумон мекардам, ки ба синаам ханҷар хўрам ҳам, дигар ашкам нарезад.
30
Дар қиёми тафсои тобистон директори магазин ба истироҳат рафт, директори муваққатӣ омад. Мудир низ пас аз панҷ рўзи директор ба истироҳат баромад. Ба ҷояш маро гузошт ва таъкид намуд: «Эшмат бесарӣ накунад, ба вай орду биринҷ деҳ, фурўшад, савдо мешавад. То соати дувоздаҳ ҳам кор кунетон, зарар надорад...» Ба Эшмат орду биринҷу се қуттӣ чой, арақ додам.
Мефурўхту пулашро намесупурд. Пурсам, «ҳозир» мегуфту мерафт. Маст шуда омад. «Фурўхтам» гуфту боз чиз гирифт. Пас аз як моҳ муфаттишон омаданд. Гўё ононро касе дидаву дониста, қасдан фиристода бошад, ба сарам осмонро фурў нишонданд. Таку боло заданд: донаҳои счётро ҳазор бор ба ду тараф гардониданд ва донаҳоро кам карда, гуфтанд, ки шумо ҳазору ҳафтсад сўм қарздор ҳастед. Ҳуш аз сарам парид, ба хонаам ақаллан донае тухм набараму ин қадар қарздор шавам, гапи куҷо? Нисфи қарзро медонистам, ки пулаш ба гардани Эшмат аст, вале ба ў чӣ шудааст, ки се рўз боз дар кор нест. Ин чизро ба ревизор Наташа гуфтам, вале аз ҳушам рафтааст, ки сандуқи оҳанинро хабар гирам.
Рўзи дигар мадори ба магазин рафтан намонд. Калиди сандуқро ба Ҳамдам додам, ки бурда ба директору ревизор диҳад. Ў калидро бурду омада «камтар пул будааст, худи муфаттиш ба идора бурда супурд» гуфт. Хостам ба хонаи Эшмат равам, натавонистам. Боз Ҳамдамро фиристодам, ки ҳам ба фурўшандаҳо аз такхона мол диҳаду ҳам директори нав Ҳалимовро гўяд, ки биёяд.
Ҳалимов омад. Такси ёфта ҳамроҳ ба хонаи Эшмат рафтем.
Ў аз таъсири шароби шаб ҳоло ҳам ба худ наомада буд ва моро писанд накарда, «Холаам аз истироҳат баргардад, баъд гап мезанем» гуфт.
— Охир, молро ман ба шумо додам, на холаатон! – гуфтам ба ў.
— Э, ту кӣ? Холаи ман директор-ку?!
— Пулро бароред, муфаттиш омадагӣ, – гуфт Ҳалимов.





