Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 82 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 82 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Як тин надорам.
— Пулҳо куҷо шуданд? – пурсидам аз ў.
— Кадом пул?
— Пули молҳои гирифтаатон.
— Аҳаҳаҳа! Пул...
Ҳамин вақт зани Эшмат аз кўча омад ва муомилаи моро дида ҳуш аз сараш парид. Масъаларо фаҳмонидем ва гапҳои шавҳарашро гуфтем. Як шаппотӣ ба баногўши шавҳараш фароварду «нағмаат пеш-пешу худат аз қафо, бар фурўш!» – гуфта, ба болои пианинои сиёҳ як мушт зад...
Пианиноро фурўхтанд. Боз чорсад сўм қарздор шуд. Эшмат забонхат дод, ки пас аз ду моҳ ёфта медиҳад... Мўҳлат гузашт.
Наовард.
Моҳонаи аввалини Ҳамдаму Сайёдро гирифта ба қарз додам. Ҳар ду «гонорар гирифтем» гўён боз пул оварданд. Ман аз давлат қарз надорам, вале дар назди ў гунаҳгор. Роҳбарон маро чун бузи кушта чанд рўз дар об тар карда ба майдони бузкашӣ партофтанд.
Бемор шудам, бемадор шудам... Шифо ёфта варақаи бемориро гирифта ба идораи савдо рафтам ва ба шўъбаи кадрҳо даромадам.
Маълумам карданд, ки ман аз кор озод шудаам.
Ману сарсониву ҳайрату ғам чорёр будем.
— Рафиқ Мўъминов, мумкин? – дари раиси комитети маҳаллиро кушода, иҷозат пурсидам.
— Хўш, чӣ хизмат?...
— Маро аз кор холӣ кардаетон...
— Ман намедонам... Бехабар.
— Охир ман ба истироҳат меравам.
— Рафтан гир!
...Пас аз бекорию беморӣ панҷуми феврал боз ба идораи савдо омадам. Гўё пешониам ба санг зад, ки бо ҳуқуқшинос Парнос вохўрдам.
— Рафиқ Сиддиқова, шуморо аз кор холӣ карданд, – гуфт ў.
— Асос ё ҳуҷҷат...
— Не-не-не...– тез-тез гуфт ў, – пагоҳ, пагоҳ...
То рўзи дигар дар ин бора фикр ҳам карда натавонистам. Ҳар ҷо равам, Ҳамдам мисли асои пир ҳамроҳам буд ва ваъдаҳои хушку холии онҳоро дида, ба хашм меомад ва «рафтем, оча» гўён дилшикаста садо мебаровард.
— Не, бачем, ба дод додрас ҳаст...
Аввалин бор ғайрати ҷавониам баргашту мисли аспи сахтсар ба пеш ҳамла кардам...
...Рўзи дигар назди Парнос омадам. Суханҳояш парешон ва худаш ошуфта буд, гўё худаш нею каси дигар гап мезад. Гапро кашол дод – кашол доду оқибат буғзашро кафонд:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан