Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 83 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 83 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Агар ман шуморо бозмонам, ҳама мегўянд, ки пора гирифт...
мефаҳмед? Пора... уммм... Ман ин масъаларо ба таври юридикӣ дида баромадам, намешавад... Боз кӣ медонад? Балки ягон роҳаш будагист? – гўён китф дарҳам кашид ва ду дасташро косача карда, пеш ёзонд. «Худат фаҳм» гуфта табассум кард.


«Маҷлиси якҷояи комитет» шуд. Шаш нафар иштирок карданд.
Дигар кас мумкин набудааст. Дар ин маҷлиси «махфӣ» директор
– Обидов, ҳуқуқшинос – Парнос, ревизор – Наташа Белоконитова, директори муваққатии магазин Ҳалимов ва мани гунаҳгор иштирок доштем:
Сиддиқова:
— Ман камомад накардаам, фақат ба сабаби бад будани аҳволам фаромўш кардаам, ки дар сейф пул будааст.
Парнос:
— Ҳуҷҷатҳо ба прокуратура супорида шуд, чунки мо делои чунин ҷинояти зўрро насупорида наметавонистем. Барои ин гуноҳ бояд Сиддиқова...
Сиддиқова:
— Барои чӣ шумо камомад навиштед? Охир, пул дар магазин буд-ку? Инро ҳама медонанд!
Парнос:
— Худам ба прокуратура рафтам, ки Сиддиқоваро... аммо нашуд. Мо вазифадорем, ки шуморо аз кор холӣ кунем.
Ревизор:
— Ревизияро ман кардам. Сиддиқова бемор буд. Аз ў пурсидам, ки пул ҳаст? «Ҳаст» гуфт. Пулро бурда супоридам. Рўзи дигар ў гуфт, ки сейф аз ҳушам баромадааст. Дар ҳақиқат вақте ки мо сейфро кушодем, пули камбуд он ҷо будааст.
Ҳалимов:
— Мумкин, гап занам?
Мўъминов:
— Не!
Маҷлис қарор кард:
«Рафиқ Сиддиқова бо моддаи «47» аз кор озод карда шавад.»
...Ман аз маҷлис хандида баромадам. Ҳамдам, ки то ин дам маро интизор буд, табассуми лабони маро дида, хушҳол наздам омад. Ҳамон лаҳза Сайёд пайдо шуд... Болҳои тавонои ман, кабўтарони зебои ман, ду асобағали даврони нотавониам ҳамроҳам, акнун баландтар механдам. Пас аз он ки воқеаро гуфтам, қиёфа ва рўҳияи писаронам табассуми лабони маро гум карданд:
— Фелетон менависем, – гуфт Сайёд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан