Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 84 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 84 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Сабр бикун, дар зиндагӣ аз пайи кори бад марав! Вазифаи онҳо ҳамин аст: як касро аз кор мегиранд, каси дигарро қабул мекунанд, то даме ки...
— Вазифаи мо ҳам ҳаст.
— Медонам, азизам, сабр бикун. Пагоҳ назди директор дароям-чӣ...


Ман ба писаронам фаҳмонидам, ки иҷораи дигар ёфта мекўчем.
Ҳамдам ҳайрон шуда пурсид:
— Ин хонаи кӣ?
— Хонаи Манзурахон... Сайёд, писарам, ба магазини Манзурахон рафта гўй, ки омада, хонаро дида, қабул кунанд. Пурсанд, гўй, ки ба мо хона доданд.
— Оча, камтар сабр кунем, ба наздикӣ ба ман хона медиҳанд,
– гуфт Ҳамдам.
— Не, писарам, бояд кўчем...
То омадани Сайёд мо бор бастем. Нозгул китобҳоро даста карда мебаровард.
Манзура ҳамроҳи Сайёд омад. Ман гумон кардам, ки ў фиғон мебардорад. Ба Ҳамдам, ба Нозгул салом дод ва аз дасти ман гирифта «гап дорам» гўён ба кўча кашид. Ман дастҳои чанголудамро бо сачоқи паҳлўи дастшў пок карда ҳамроҳи ў баромадам ва ба Сайёд:
— Писарам, рафта мошин биёр! – гуфтам.
— Не! Як дам ист! – хитоб кард Манзура ва камтар дур рафта ба гап даромад: – Шаб Аҳрор омада будааст. Ман аз кор баргаштам, ки ў дар хона, – гуфт ў ва хеле хомўш монда, аз ман гап гирифтанӣ шуд. Ман ҳам якто-якто қадам зада хомўш мерафтам.
Боз гуфт:
— Ҳамидаой, бубахш! Ҳамон шаб ту ба ман дарс додӣ... Хатоямро фаҳмидам... То ин дам дар бораи пул, чиз, айшу нўш фикр мекардам. Акнун дар бораи қадри одам, шарафи зан фикр мекунам...
Ман хомўш мерафтам. Ба кўчаи калон баромадем. Паҳлўи меҳмонхонаро гузаштем... Дар тани ман либосҳои чанголуд буд...
Парвое надоштам... Фақат аз дил мегузаронидам: «Агар гапат рост бошад, боз ба ту дил мебандам»... Ў низ хомўш мерафт. Ман ба гап даромадам:
— Манзурахон! Хислатҳон мардонаи шумо маро асир карда буд. Лекин... лекин он шаб...
— Бубахш, Ҳамида... Худам пушаймон шудам... Вале ту... Ҳамидаой! Хона ба ман лозим не. Аз ин хона нарав... Медонам, ки ба шумо хона надодаанд, хонагирӣ осон ҳам не. Ту сари ҷаҳл меравӣ.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан