— Не, хона доданд, – гуфтам ба ў.
— Дода бошанд ҳам, нарав, писарату келинат раванд, ту нарав.
— Ман бе онҳо зиндагӣ карда наметавонам.
— Аз барои худо нарав. Ман аз дасти писарат калидро нагирифтам. Хайр, ман соати чор бояд назди директор равам... Магазини нав мекушодаанд. Аз афташ, маро директор таъин карданӣ.
Директор шавам, наздам мебарам. Меоӣ-а?
То хона фикр кардам. Фақат ба хотира некиҳои Манзура.
Вале...
— Куҷо метозӣ, Сайёд?
— Оча, тез дароед, янга... духтур ҷеғ мезанам...
— Оча, набераро чӣ ном мемонед? – пурсид Ҳамдам.
— Надонам бачем, бобову бибиаш аз ноҳия биёянд- чӣ.
— Онҳо «худатон ягон ном монетон», гуфтаанд, ману келнн
маслиҳат кардем, ки шумо ном монед.
— Сайёд чӣ мегўяд?
— Сайёд номаша Сиддиқ мон мегўяд.
— Номи дадема?
— Ҳа.
Ҳаяҷон роҳи нафасамро гирифт, аз чашмонам ашки шодӣ таровид.
31
Садои занги аввал сухани Ҳамидаро бурид. Писарак дар даст зангўла ҳамроҳи ҷавоне, ки микрофон медошт, давраро гирд мегашт, занг мезад. Дасташ монда шуд. Зангўларо дудаста дошт. Забонаи зангўла ба канораҳо бармехўрд, вале садояш намебаромад.
— Ана аз думчааш дор, – ба вай наздик шуда, гуфт муаллимаи кўҳансол. Баъд ба Ҳамида нигарист. Ў завқ мекард. Ба рухсорахояш сурхӣ пайдо шуда буд. Сиддиқ механдид ва бо дасти чап даҳонашро медошт, ки дандони навдамидаашро касе набинад.
— Давоми ҳикоятам лозим набудагист?
— Чаро?
— Дар барои одамҳое, ки гап мезанем, шумо мешиносед...
Пас аз се моҳ маро ба идора даъват карданд. Рафтам. Дар даромадгоҳ бо Манзура вохўрдам. Ў ба қаъри чашмонам нигарист.
Гўё ки аз матлаби ҳамдигар огоҳ бошем. «Биё» гўён ба назди директор даровард. Симои шинос. Ҳа, ба ёдам омад: «Тўрақул»
хаёл кардам.





