Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 86 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 86 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Марҳамат, шинед! – бо садои нарм гуфт ў. Ман шарм карда нашиштам.
— Шинед, шинед! – боз хоҳиш кард ў.
Нишастам. Манзура баромад. Ман ба хаёл рафтам, ки гапҳои Манзура дурўғ, ў аз роҳаш нагаштааст.
— Шинохтед? – яке пурсид директори нав.
— «Ҳа». Сар ҷунбондам ман.
— Ба шумо ҳазор бор раҳмат, хоҳар. Манзурахон ҳамаашро ба ман гуфт, – гуфт ў ва хеле хомўш монд. – Шумо ба мо сабақ додед. – Ў ҳам айнан фикри Манзураро такрор кард ва хеле хомўш монда нимовоз ба ман муроҷиат кард:
— Шуморо ба кори дигар гузарониданӣ ҳастам, назди Манзурахон фиристоданӣ. Мудири шўъба. Боз фикри шуморо донистанӣ шудем. Ба хаёлам, бад намешавад. Ба он кас ёрӣ додан даркор.
— Аз ўҳдааш мебаромада бошам?
— Ҳа, бемалол.
— Ба бовариатон ташаккур, бародар!
Ман аз назди директор рост ба ҷои кори нав рафтам.
— Сайёду Ҳамдам писарони шумоянд?
— Ҳа.
— Ман онҳоро хуб мешиносам.
— Ин хел бошад, бегоҳ ба хонаи мо марҳамат, пагоҳ Сиддиқҷон ҳафтодсола мешавад.
— Албатта... Албатта, меоям.

Сиддиқ зангўларо ба директори мактаб – марди болобаланди сафедрў супорид.

— Оча, аз Самарқанд меҳмон, – дарро дошта гуфт Ҳамдам.
— Гўй, дароянд... Ба рўзи таваллуди Сиддиқҷон... Саидамак?!
— Ҳа, ман, духтарам.
— Марҳамат, хуш омадед! Танҳо?
— Ҳа, духтарам... Маро Комил фиристод, ки...
— Комил? Чаро?... Барои чӣ?
— Аз занаш ҷудо шуд.
— Барои чӣ?
— Баччааш бетартибӣ кардааст. Комил як шаппотӣ задааст.
Салима ба сари Комил дов кашида гуфтааст: «Аввал кўшиш кун, ки аз ту фарзанд шавад, баъд ба сараш мушт бардор». Комил тоқат наоварда ҷоҳу ҷалолашро ба Салима гузошта рафт.
— Ба куҷо?
— Ба деҳаи дигар... Эҳтимол ба назди шумо ояд...
— Не, не, ба ў гўед, ки Ҳамида акнун танҳо нест. Писару набера дорад... Ҳамин қадар гўед, бас...
7 июни соли 1968

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан