Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 87 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 87 аз 470 · 3 ноябри 2026

СаНги СИПАР
Ба падарам Ҳамроҳи Қодир ва модарам Биёдгор мебахшам.

1

— Колхоз дигар одам наёфт, ки ману шуморо фиристод?
— Ба мо бештар бовар кардааст.
— Не, шумо гапи маро нафаҳмидед. Ман гуфтаниам, ки шумо навдомод, ман пир, нўҳ бачча дорам...
— Шумо бисёр рафтагӣ, раҳу рўро медонед, фақат ба сари баччаҳо «ҳа» гўед, мешавад.
Мошинҳо аз сарҳади ноҳияи Панҷакат гузашта, ба қитъаи вилояти Самарқанд дохил шуданд. Ронанда – ҷавонмарди зардинамўй пас аз гапи пирамард хомўш гашт ва бо диққат ба пеш зеҳн монда, мошин меронд, гўё роҳ хеле ноҳамвор менамуд. Ў гаштаву баргашта ба оинаи гирдаи паҳлўи чапи мошин нигоҳ мекард, ки аз пас мошини дигар меояд ё на. Боз ба мароми аввал мошин меронд.
Пирамард ҳам гўё зиёдтар аз ў ба хаёл рафта буд. Телпакро каме ба пушт тела дода, бо кафи дастони шахшўл ва мисли рафида кушод арақи пешониашро пок кард ва ба гирд гаштани майдонҳои барфпўши канори роҳ назар дўхт. Рўи росташ ба тиреза бархўрд.
Ҳис кард, ки ҳавои кабина камӣ мекунад.
— Тағо, каме шишаро фурорам? – гуфт ба Шавкат, ки номи тағои раҳматиашро дошт.
— Майлатон. Гарм шудед?
— Ҳа, одами дар дашти кушод одаткарда...
— Ман то Регистон роҳро медонам. Он тарафаш ба ихтиёри шумо.
— Ҳа, ба Регистон, ки рафтед, ба чап мегардед, ба сўи Китоб, Шаҳрисабз, Бойсун... Ағбаро, ки гузаштед, он тарафаш ғелида рафтан мегиред.
— Шумо ҳар сол меоед-а?
— Ҳа, аз соле, ки говҳо шулхахўр шудаанд. Вале имсол гумон надоштам, ки маро мефиристанд. Илтимоси ҳамун хуҳарам – муаллима намешуд, қадам намезадам. Хайр, барои вай хуки ёвоӣ не-ку!
Барои колхоз, барои халқ. Ў надонад, дигарҳо медонистагистанд. Ў гумон мекунад, ки мудири ферма шудан маънии фармон додан аст ва ихтиёрӣ ҳар кор кардан. Қассоб гўсфандро мағз мезанад, вале дарду ҷонбозии ҳайвонро ҳис намекунад... Мошини Нуриддин ҳам меояд?
– пирамард аз тирезаи пушт ба пас нигарист ва илова кард, – гўё шумо ба маслиҳат меоед. Нуриддин ҳам чилланок, шумо ҳам, тағо.
— Зангирӣ мавсими шудагӣ. Ҳама туйҳои колхозҳо пас аз иди Ноябр. Мардум мисли мўрчаҳо донро, ки ғун оварданд ва ғами зимистонро хўрданд, аз саҳро ба хонаҳо медароянд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан