Бекор, ки шуданд, гумбур-дия!
— Тағо, бовар кунед, замона дигар шудааст... писарҳои маро қиёс кунед: мотосиклҳо баробар оянд, кўчаҳо меларзанд... Хуб тинҷ шудем-куя. Лекин ҳамин давлат ин кадар чашмтангӣ мекунад. Охир, шип-шип мошинро барорад, одамон гиранд. Бовар кунед, тағо, зўри ҳар коргар мерасад... Лекин ман ба як чиз ҳайрон: ба назарам, духтар кам барин. Пеш сетагию чортагӣ зан мегирифтанд, мерасид, ҳозир яктагӣ ҳам намерасад. Ҷавонҳо – бўйдоқ. Занмурда зан намеёбад, ба як сайиба сад кас даҳан меандозад... Тағо?
— Лаббай!
— Духтурҳо аз ваҷҳи бефарзандӣ коғаз надоданд?
— Доданд, амак, зани ҳозираам розӣ буд, ки ба болои Орзу гирам, вале Орзу не гуфт. Бо розигии ҳамдигар ҷудо шудем. Даҳ сол интизор шудем, чӣ кор кунем?...
Касе гулўи мошинро буғӣ кардагӣ барин зўр зада овоз мебаровард.
Ронанда нав таклиф карданӣ буд, ки Ҳакими куҳансол афсона ё саргузаште сар кунад, акнун ҳоҷат не, матал ҳам ба гўш намедарояд.
Булдозерҳо фақат як мошингузар роҳро тоза кардаанд, ду канор мисли камари осиёб аст, ки гўё донаҳои гандум парида хол-хол карда бошанд. Садои занҷири чархҳо базўр ба гўш мерасад: «шақ, шақ – шақара шақ».
— Сабил монад, вақти айлоқ, ба ёди ягон кас намерасад, ки... Ҳа не, ба ёд мерасаду вақт канӣ, кӣ бекор?– худ ба худ саволу ҷавоб мекард пирамард, – Тағо мегўм, то пахтаро чида тамом накунанд, шулха ҳам намешудагист?... Ҳа, барои ҳамин фақат зимистон.
Колхози «Зарафшон» куҷову Душанбе куҷо? Ман намефаҳмам, тағо, ҳама-ку барои давлату ҷамъият кор мекунем, шарт аст, ки мо аз даруни ҳамин кўҳҳо мошин кашола карда равем? Ана вай ферматирмизак раваду ба калонҳои республика гапзанон кунад, аз Душаибе мошин диҳанд. Мо бо поезду самолёт рафта, шулхаро бо он мошинҳо кашонда, ба вагон бор кунем, тамом ки шуд, мошинашонро супорида, бемалол омадан гирем... Ё ман ин чизҳоро намефаҳмам?
— Амак, инҳо ҳам беташвиш шавад, мегўянд-дия.
— Ҳа, тағо, ташвишро кӣ нағз мебинад... Мошинро доред, тағо!
Ҳооо дами ағбаро бинед: сиёҳ-сиёҳ.
— Аз афташ, роҳ вайрон, амак, мошинҳоро бинед.
— Боз ин чӣ қисмат?
— Бадиаш, қафо ҳам рафта намешавад. Агар ин ҷо монем, корамон мешавад.
Пирамард чандин сол аст, ки бо ҳамин роҳ ба Душанбе рафта, ба вагонҳо шулха бор мекард. Вале ин хел сармои сахтро дучор наомада буд. Акнун ҳоҷати шишаҳои кабинаро фуровардан не, агар печкаи мошин набошад, ях кардани рул, дарҳо ва ҳатто тунукаҳои мошин аз эҳтимол дур нест. Мошин базўр меҷунбид. Мадори пои ронанда ҳам суст шуд.





