Вале пирамард бепарво менамуд. Аз афташ, ҳеҷ хавферо ҳис намекунад. Ва чунон ки бисту ҳафт сол муқаддам, вақти ҷанг рафтан, «се фарзанди ман чӣ кор мекунад?» гуфта хун мехўрд, ғами нўҳ фарзандро намехўрад. «Онҳо акнун калон шудаанд, мисли уқобчаҳо болу пар баровардаанд ва тифли гаҳвора ҳам рўзашро мебинад», фикр мекунад ў...
Пирамард ба ронанда мадад карданӣ шуда, сўяш нигарист, вале қиёфаи ғамгирифтаи ўро дида, ба риши мундааш оҳиста даст бурд, сипас аламангез ба пеш зеҳн монд. Хаёлаш гурехт, ба гузашта, ба гузаштахои пуразоб парвоз кард. Азоби ҷанг не, балки рўзҳое, ки аз ҷанг баргашта аз сар гузаронида буд, бори дигар пеши назар омаданд.
Ў баъд аз якуним соли анҷоми ҷанг ба деҳааш баргашт. Шабонгаҳ омадани ўро касе надид. Вақте ки дар паси дари ошхона ҳозир шуд, садои марғўладори мардеро шунид, ки бо зане баҳс мекард.
— Азоби ҷанг акнун маълум мешавад, – овози шинос ва хеле тағйирёфтаи зан шунида шуд.
— Ҳа, ҳама кулфат ба сари мо, – ҷавоб гардонд овози ношиносе.
Ҳаким сурати девор шуда, дар танаш мадоре намонд: «Интизор нашудӣ?» ба фикри худаш ба зан савол дод. Оҳиста аз роғи байни дару паҳлўдарӣ нигоҳ кард: занак хам шуда оташи зери дегро пуф мекард. Тахтапушти паҳни марде пеши чароғи сиёҳи сари ошдонро мегирифт. Духтарчаи кокулдоре байни онҳо мисли зоча менамуд.
Духтарча ҳам ғаши Ҳакимро овард. «Пуффф, сабил мон!» – ба танг омада гуфт занак ва қоматашро рост кард.
— Нафасатон намерасад? – гуфт «мард» ва зонуҳояшро ба замин гузошта, чўбу саргини дуд карда истодаро пуф кард.
Лахчаҳо аз дами ў сурх шуда, оташдонро равшан карданд ва Ҳаким назаре як бари рўи занро дид. Ва пай бурд, ки ў тағйир ёфтааст.
Мардак боз дароз-дароз оташро пуф кард. Оташ лаппӣ даргирифт ва зуд хомўш шуд. Зан пеш лағжида оташро домон зад.
Ҳаким дар паси дар интизор буд, ки як назар рўи «марди ношинос»-ро бинад. Дар партави чароғи хирасўз ва лухи оташ ҳамин қадар пай бурд, ки дар тани мард шинели аскарист. «Касе бошад, аз ҷанг баргаштааст, – аз дил гузаронд ў ва хотирпарешон шуд,
– ҷанг акнун бояд сар шавад. Ман шуморо гуфта омадам, шуморо гуфта ба тири душман тан надодам, шуморо гуфтам, шуморо...»
Гулўи ўро буғз панҷа зад ва беихтиёр сурфид.
Онҳо ба дар нигоҳ карданд. Ҳаким мардро нашинохт. Вале ҳароси онҳоро пай бурд.
— Кӣ? – садои дупўстаи мард баромад. Ҳаким ҷавоб надод.





