— Кӣ! – пурсид зан.
Ҳаким хост пас гардад, вале мадоре надошт. Ў худро ба даст гирифта, як бори дигар сурфид.
— Кӣ?! Кӣ?! – пурсиданд онҳо. Ҳаким ба ҷои ҷавоб дарро тела дод.
Онҳо баробари дидани қиёфаи марди бегона ба воҳима афтода, бархостанд. Духтарча ба банди пои занак часпид.
Ҳаким дарро кушода ба марди шинелпўш нигарист ва як ҷавони танумандеро дид, ба танаш ҷон давид ва пурсид:
— Интизор набудед?...
— Мардак? – хеле вақт дамаш дарун зада пурсид занак.
— Додо, додоҷон!!!
Ҷавон худро ба сўи Ҳаким андохт.
— Алӣ куҷост? Ғанӣ канӣ? – пас аз Валиро бўсу канор кардан пурсид ў. Валӣ ба очааш нигарист.
— Дар хонаи тағояш, – ҷавоб дод зан ва шарму ҳаёи шарқӣ роҳ надод, ки дар назди фарзанд худро ба гардани шавхараш овезад.
Духтарчаашро сари даст бардошта ба ў дароз кард.
— Росташро гўй.
— Росташ.
— Валиҷон, рафта, гирифта биёр, – аз писараш хоҳиш кард Ҳаким.
Валӣ то остона рафта, бозистод. Занак сар ба зер афканда буд.
Ҳаким ба Валӣ нигарист:
— Чаро истодаӣ?
— Онҳо ин ҷо нестанд.
— Куҷоянд?
— Дар район, дар хонаи баччагон.
— Дурўғ!
— Рост! – оҳиста гуфт зан.
— Зиндаанд ё не?! – дандон ба дандон монда пурсид ў.
— Рост мардак, рост. Валӣ ҳам он ҷо буд. Тағош рафта иҷозат гирифта овард.
— Ту куҷо будӣ?!? – пурсид аз зан.
— Ҳамроҳи мўйсафедон, занону кўдакон. Мо ҳам ҷанг мекардем. Дар он ҷо ҷанг тамом шуд, вале дар ин ҷо, дар мо ҳоло ҳам давом дорад. Пагоҳ мардум омадани шуморо фаҳманд, худатон ҷангро мебинед: ҷанги ботинии одамони шод, ки фарзандонашон омадааст ва онҳое, ки барои мардони барнагашта азо медоранд...
— Акнун барои ту ҳам ҷанг тамом... Лекин барои чӣ Валӣ «ҳама азоб ба сари мо» гуфт?
— Мардак, солҳои аввал захираҳову гарди хамбаҳо мардумро ба по медошт, баъд мардум ба алафхўрӣ гузаштанд: тотину оҷизу ширешак ҳамаро варам кунонд. Ин аҳвол ҳоло ҳам давом дорад.





