Ҳарчанд ба ў мегўям, ки ҷанг тамом шуд, ҳама хуб мешавад, ба серӣ мерасем, бовар намекунад. Акнун шумо фаҳмонед.
— Очаат рост мегўяд, писарам. Пагоҳ ту рафта, додаронат ро гирифта меорӣ. Мо якҷоя зиндагӣ мекунем, кор мекунем, ҳамааш хуб мешавад.
— Валиҷон, рав ба тағоят гўй, ки додом омаданд.
Валӣ аз дарвоза баромад. Бону тавқи гардани шавҳар шуд...
2
— Амак, дар ҷанг аз ин зиёдашро дидагистед? – ронанда ўро аз банди хаёл дур кард.
— Э, тағое, ин чӣ? Дар дасти худатон. Хоҳед, дар даруни мошин хоб меравед, хоҳед, то рўз медавед. Вале дар ҷанг ҳама вақт як фикр «ё ба душман тир мезанам ё худам тир мехўрам».
— Ман соли аз ҷанг омаданатонро ёд дорам, амак, одам аз хирс ҳам тобовар будааст. Мардум кунҷора намеёфтанд, ки хўранд, акнун барои хўроки гов ин қадар даву тоз.
— Ҳа, тағо, шабе, ки ман аз ҷанг баргаштам, Бону дар дег тотин буғ мекард, акнун тотинро ба гўсфанди парворӣ медиҳад, ки иштиҳояш биёяд... Ҳаа, тағо, ҳамон вақт барои оянда ҷонбозӣ мекардем, ҳозир ҳам барои оянда ташвиш мекашем. Имрўз гузашт, гап гапи фардо. Одамӣ ба умед аст, ки рўз аз рўз нектар ва беҳтар мешавад.
— Шуда истодааст, амак.
— Ҳа, тағо, гузашта ба сари худ монд: ҳамту фикр кунам, қариб тамоми умрам дар роҳ ё сари по гузаштааст: дар ҷанг, дар сари ҷуфт ва боз дар шарокату шири фермаро кашондан...
Ҳакимбой хомўш шуд, гўё Шавкат гўши шунидан надошт, сипас рост ба булдозере, ки бо чашмҳои фурўзонаш барфи роҳро об кардан мехост, нигарист. Булдозер наъра мекашид, ки барфи лағжидаро аз роҳ бар занад.
Ҳакимбой боз ба фикр рафт.
— Ҳакимбой, ҳамроҳи Сангинмурод рафта будӣ, ў куҷо шуд?
— Салимро асир гирифтанд?
— Абдуҳаким, навишта будӣ, ки Аваз дар рўи дастони ту ҷон дод, кӣ ўро кушт?
— Кошкӣ, Нозими ман мисли додои Азим бепо бошад ҳам, бармегашт.
— Самандар як моҳ пеш аз ту омад.
— Бигў, писари ман меояд?
— Амак, додои маро надидаед?
Ҳаким фақат ба саломи онҳо ҷавоб гаронд ва бо ҳамин сараш хам шуд, намедонист, ки ба саволҳои мўйсафедон, пиразанон, баччагони падарпурсӣ омада чӣ ҷавоб диҳад.





