Хонаи ў пур аз одам, вале дастархони кушодаш – холӣ. Аҳволро кӣ намедонад?
Рўи дастархон фақат дар ду косаи сафол ҷурғот ва дар лаълие тутмавизу чормағз ҳаст. Ҳаким гўё ба ҷои ҳамаи онҳое, ки барнагаштаанд, омадааст.
Аз ҳама охир раиси колхоз ва бригадир ўро диданӣ омаданд.
Бригадир бо як даст ўро оғўш кард ва гириста, ба бехи гўшаш гуфт:
«— Ба ман гуфта буданд, ки ту мурдаӣ. Дар фронт. Лекин ба баччаҳоят «меояд» мегуфтам».
«— Як ту не, ҳама «мурд» мегуфтанд».
Дари хона боз шуд ва писари калонии Ҳаким Валӣ сар халонда, салом дод. Пас ба пушт гашта, «даро-даро...» гуфт. Вале касе намедаромад, фиқ-фиқи гиря шунида мешуд. Ҳаким бархоста баромад. Ду писари ў фиғон бардошта, қафо гурехтанд.
«Моро партофта рафтӣ, холаи муаллима намешуд, мемурдем»
– гўён паси дарахти хартут пинҳон шуданд.
— Алиҷон, Ғаниҷон, додот, нагурезед! – мегуфт Бону.
— Бечора баччаҳо, аз ман домангир, – гуфт Ҳаким ва баргашта хона даромад. – Баччаҳое, бегона шудаанд, – ба раису бригадир фаҳмонданӣ шуд ў ва илова кард: – Хайр, ҷанг тамом. Лекин аҳволи шумо чӣ тавр?
— Аҳволи мо, Ҳаким, чандон нағз не. Бовар кун, ки ҷанг акнун ба ин ҷоҳо таъсир карда истодааст. Колхоз ҳам бо одам будааст.
Бисёр мардон баргаштанд. Аҳволамон беҳтар мешудагист... Анбор холӣ. Зимистон ғўлунги Боғи Гаронро тақсим мекунем, – гуфт раис ва пас аз мулоҳизаи зиёде илова кард: – Намедонам, ба ту ёрӣ дода метавонам ё не... Имрўз ташвиш дорӣ, пагоҳ як даро, шояд илоҷе ёбам...
Ҳамин вақт фиғони писарони Ҳаким баромад:
— Хола, холаҷон!!!
Дар берун хеле ғурунг-ғурунг шуд, баъд муаллима аз дар даромад. Ҳаким намедонист бо ў чӣ хел вохўрад. «Муаллимахола намешуд, мо мемурдем» садо дод гўшаш ва ба пешвози Ашўра омада, аз пешонии ў бўсид.
Ашўра пас гашта берун баромад ва ашки чашмонашро хушк карда, боз даромад. Алӣ ва Ғанӣ аз ду паҳлўи ў дошта даромаданд.
Аз паси онҳо як даст ду нонро аз дар дароз кард. Ҳаким ҷаста хест ва аз дасти занаш нонро гирифта ба рўи дастархон гузошт.
Баъд як табақ атолаи кочӣ ва як зағора омад. Туппайи бардорак омад, угро омад... Рўи дастархон пур шуд. Мардум ва ёру дўстон, ҳаққу ҳамсояҳо меҳмондорӣ мекарданд. Маълум, ки деҳа ҳоло бапо будааст.
— Муаллима, онҳо писарони шумо будаанд, бо ман пурсупос накарданд, – хандида гуфт Ҳаким, вале аз ларзиши лабҳо ва ҷунбидани парраҳои биниаш маълум буд, ки дилаш ганда шудааст.





