Баччаҳо ба Ашўра ҷафстар шуданд. Ба рўи муаллима хун давид, баъд рангаш сафед шуда рафт.
— Ман хушбахтам, ки онҳо маро ҳурмат мекунанд.
— Шуморо ҳама ҳурмат мекунанд, муаллима, – гуфт раис. – Ёд доред, ки ман ҳам аз пешонии шумо бўсида будам? – ҳурматашро изҳор карданӣ шуд бригадир.
Ашўра сар хам кард Мушаки зери абрўи чапаш ду-се бор парид.
Баъд аз дастони баччаҳо бардошт, ки хеста берун бароянд.
— Хайр, баъд бафурҷа гап мезанем, – гуфт раис ва онҳо бархостанд. Муаллима ҳам бархост.
— Шинед, муаллима, – хоҳиш кард Ҳаким.
— Кор бисёр, боз меоям, – гуфт ва баччаҳоро бўсида рафт...
— Ман гумон намекунам, ки ҳамин занак орди гирифтаашро чашида бошад. Ба мо, ба хонаводаи ин бригадир ва ба мўҳтоҷон медод. Баччаҳоро ҳам ҳамин ба хонаи баччагон бурд. Хонааш обод шавад, камол ёбад.
— Ордро аз куҷо меёфт?
— Ба номи муаллимҳо дар магазин орд меомад...
Баччаҳо оҳиста-оҳиста ба падар ром мешуданд.
Рўзи дуввум аст, ки Ҳаким офтоби сарзаминашро мебинад:
сурх, бузург ва пурҳарорат, ба кас рўҳ бахшад, хаёт диҳад. Вай аз паси кўҳҳои саргаҳи Зарафшон чунон бе парво боло мешавад, ки гўё чизе тағйир наёфтааст, рўди зиндагӣ бо маром ва маҷрои аввал равон аст, ҳамчун наҳри Зарафшон. Фақат вақти селоби баҳор ва вақте ки аз гармо пиряхҳо об мешаванд, вай туғён мекунад ва боз тамоми фаслҳои сол аз зери пулҳои Дупула ҳамвора ҷорӣ мешавад. Зиндагӣ ҳам гўё гоҳ-гоҳ туғён дорад ва мардонро сарбез мекунад.
Ҳаким пеш аз он ки назди раис равад, паси хона гузашт ва ба боғи зери адир баромад, то тамошо кунад. Ду дарахти тути балхӣ ва пахтасеби пир набуданд, вале дарахти чормағзи азими бехи харсанги сафед ба як қабат пўст рост меистод. Танаи ў мисли новаи рост буд. Гўё шогирди беҳунаре ба он ҳазор теша зада, вале лайс тарошида натавонистааст: захми теша мисли помонакҳои кўҳи мушкилбаро пайи ҳам боло мерафт. «Ҷанг ба ин дарахтҳо ҳам захм гузоштааст» – аз дил гузаронд Ҳаким ва гўё ҳаваси тамошояш пир шуда, андўҳгин баргашт.
— Дарахтро кӣ ин хел тарошид? – пурсид аз занаш.
— Ман... Дилам нашуд, ки тамоман бурам, ҳамин хел кам-кам тарошида, қаҳратунҳоро паси сар кардем... Маҷбур будам. Баъд Валӣ хорчаву шибоғ мекашондагӣ шуд...
— Хайр, як халта те.
Ҳаким халтаи сатини рах-рахро гирифта байни чанголаш ҷамъ кард.





