Шоҳроҳи истиқлол

Кароматуллоҳи МИРЗО
СИТОРАҲОИ ПАСИ АБР
Порча аз қисса
Он солҳо дур аз деҳа, дар шаҳр мезистем. Кулбаамон дар бинои баланд, дар ошёнаи панҷум ҷойгир буд. Ва чун субҳгоҳон аз хоб бармехестам, аз тиреза ба офтоббаро, ба ҷониби деҳа рў меовардам. Теппаҳои баланди атрофаш намоён. Вале чандест, деҳа рафта наметавонам. Он ҷо ноором, ҷангҳои байниҳамдигарии хешовандон, ҳамзабонон. Гурўҳҳои силоҳдор ҳаёту зиндагии мардумро ноосуда гардондаанд. Хаёлам ба деҳа, ба ҳамдеҳагон. Деҳаамон Нилкон ном дорад, миёни деҳаҳои ҷамоаи Роҳатӣ ба назарам аз ҳама зебо ва дилкушо менамояд.
Аз ҷониби офтоббарои деҳа оби сангоб ҷорист. Он аз бағали дараҳо ва оброҳаҳои кўҳҳои Мағмуруду Қандӣ меояд, баъд роҳаш давом дода, то ба дарёи шўху тезоби Кофарниҳон мерасад. Сангоб ба мисли сарҳаде байни деҳаҳое, ки дар ду канори он ҷойгиранд. Мағмуруд, Қандӣ, Тепаи Самарқанд, Навобод, Дуобаи боло, Дуобаи поён, Роҳатӣ, Нилкон, Оқчақман, Моинкаҷ ном доранд деҳаҳо. Оби сангоб дар рўзҳои гармо, айёми тобистону тирамоҳ қарибе хушк мешавад, сангҳо метафсанд, аз ҷониби сангоб боди гарм мевазад, то дуриҳо – то боғоту ҳавлиҳои деҳаҳои Нилкону Роҳатӣ паҳн мешавад, сангоб мисли хате кашида шуда байни ин деҳаҳо. Як ҳиссаи боғҳо, ангурзорҳо, ҳавлиҳои аҳли деҳаи Нилкон дар ҷониби дигари сангоб, дар ҷониби Роҳатӣ ҷойгиранд. Онҳо ба хонаю ҳавлиҳои сокинони деҳаи Роҳатӣ якчоя, деворбадеворанд. Лекин мардум худро нилконӣ мегўянд. Ва ҳам дар рўйхатҳо, ҳисобгирии идораи ҷамоа нишонаашонро ба номи ин деҳа менависанд. Дар тўю маъракаҳояшон ҳам аҳли деҳаи Нилкон хабар мешаванд ва манзили абадӣ – гўристонашон ҳам гўристони деҳаи Нилкон. Боғоту ангурзорони дар он сўи сангоб будаи нилкониҳо то андаке пеш, солҳои дар мактаби миёнаи деҳаи Роҳатӣ хондани мо бо номи соҳибонашон – боғи эшони Мавлон, боғи эшони Солиҳ, боғи эшони Мулло Сайиднеъматуллоҳ, замини Моҳи Мулло зикр меёфтанд. Дар наздикиҳо хона ё ҳавлие ба чашм намеафтод. Хонаҳои сокинони деҳаи Нилкону Роҳатӣ аз ҳам дур буданд. Мо бачаҳо аз миёни боғҳо, аз таги чинорҳою лаби ҷўй ва аз канори заминҳо гузашта мактаб рафта меомадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё