Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Сипас шонаҳояш реза–реза ларзиданд ва ашки шашқатори шўру талх ба риши мошубиринҷаш шорид. «Ай хомтамаъ, ба кӣ ситеза кардӣ? Чӣ суд дидӣ?» – бо садое хаставу гирифта пичирос мезад ў. Ва аз дарки ба яғмо, балки ба дасти ҷаллоде додани дўсти нозанину ҷониаш мағз–мағзи устухон, балки аз ин гуноҳ, аз ин хиёнат то зиндааст, ҷисму ҷонаш месўзаду месўзад.
Ва ҳоло шиҳаи талху ҷонхароши асп ба гўш, суроби пуртабу тоби ҷонвар, хати каҷу килеби чанг ва дасти бо тозиёна боло бардоштаи савора ба чашм, ў ҳақиру зору лоилоҷ чун мусибатзада менишаст ва ба ожангҳои зери чашмонаш ашки сўзони надомату пушаймонӣ метаровид. Акнун роҳи дигар ки надошт, бо наҷвое дардолуд аз худо илтиҷо мекард, ки ҷонвари саркаш ҷое савораро афканад, дасту пояш шиканад,
– сазои каси бераҳму носипос ҳамин! – ва шиҳакашону ёлафшон боз сўяш баргардад. Э кош чунин мешуд. Он гоҳ пеши асп меафтоду дида ба сумҳояш мемолид, гарданашро ба оғўш мекашиду аз оинаи чашмонаш бародарвор мебўсид ва сар ба пешонияш ниҳода ба ҷои бахшиш зор–зор мегирист.
Агар ҷонвар на мисли лаҳзаи хору мол нарму шўхиомез, балки аз ғазаб сари шона ё банди дасташро сахт бигазад, боке нест. Бигузор худи асп нақши ин хиёнатро дар бадани ў ба ёдгор гузорад. Вай бо ин амали разилона лоиқи ҳама ҷазову сазост… Не, асп дур мерафт. Савора чун холи сиёҳ, печутоби хўшаи дум, чапу рост паридану шатта партофтани ҷонвар аранге ба чашм мерасид. Андўҳи ҷавонмарди ноком чун кўҳ вазнинтар гашта, ниҳоят ба мотам табдил ёфт; мотам аз умрбод гум кардани чизе, ки қуввати дилу шараф ва мояи ифтихораш будааст; мотам аз кашфи он ҳақиқат, ки каси манфиатҷў дўст не, душман будааст…
Асп мерафту оби чашми ҷавонмард; оҳи ҳасрат мекашиду пушти даст мегазид ва шонаҳояш реза–реза меларзиданд.
Вале ў намедонист, ки дар пайроҳаи лаби ҷар асп аллакай худро аз асорати золиме раҳонида, пеши чашмаш нигоҳи доғу сўзони зану фарзандон, озоду сарбаланд бодвор сўи даргоҳе, ки меҳру навозиши хурду бузурги он барояш азизу волост ва шояд онҳо аз Худованд бозгашти зеби ҳавливу шаҳпари мардро таманно доранд, метозад…

пешина
аз 276
навбатӣ