Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вай дар рости бора бо чеҳраи аз фараҳ тобон ба ҷонвар рў меовард, бо эҳтиёт, бо ҳавас тасмаву пўпакҳои рангоранги лаҷомро дуруст мекард, сипас болои бора мебаромад.
Ҷонвар бо ду–се қадам ба соҳибаш ҷафс мешуд.
Мард аз фаросат ва рамузгирии асп мамнун, аз кўҳони нуқракўб дошта, нарму беозор по ба рикоб мениҳоду сабук, шабеҳи кафтари хушбол ба хонаи зин менишаст. Ва ба гардани ҷонвар маҳину пурнавозиш тап–тап мезад. Ба аспи раҳвор тозиёна чӣ лозим? Соҳибаш танҳо дар лаҳзаҳои ниҳоят сахти бузкашӣ бо тозиёна менавохташ. Дигар ишорае бас буд, ки ҷонвар даҳана биҳояду гарданак бизанад, бишкуфаду резачорхез ба роҳ дарояд ва бо садои якнавохти сумҳову рақсе тамошобоб кўчаро, деҳаро ҳусн бахшад.
Аммо ҳоло савора бехуду сармаст бари гардану сағрии аспро зери тозиёна гирифт. Аз шарфаи тозиёна гўшҳои ҷавонмард қулф зад. Гўё ҳар зарба ба пушти ў мерасид. Вай пайкарашро дарҳам кашид ва пеши чашмон бо панҷа пўшид то ки дигар ҷуфтакпартоиву азобу шиканҷаи азизашро набинад, вале фиғоне аз дили ў берун ҷаст: «Ай ҷоҳил, эй золим, аспа назан,…» Ҷонвар саргарми ҷастухези девонавор, ғалоғулае шабеҳи шиҳа, балки наъраи осмонкаф кашид, сипас бо илоҷе гарданашро камонсон гардонида ба чашмони ваҳшатзада, пурмаломату хунгирифта ба соҳибаш нигарист:
«Маро ба чанги кӣ супоридӣ, ай дўст? Охири меҳру муҳаббат ҳамин буда?». Асп аллакай дар обу арақ тар, аз кунҷи лабонаш кафки хуномез мешорид. Шину хез ва болзании шикаму параҳои бинии ҷонвар ваҷоҳати онро мудҳиштар месохтанд. Дидани барқи нигоҳу аҳволи ногувор, шунидани зарбаи тозиёнаву фиғони имдодхоҳонаи ҷонвар дили ҷавонмардро пора–пора, лахта–лахта сохт. Ў таконе хўрд сўи аспу савора; хост бо ҷаҳише аз лаҷом бидорад ва савораро сарнагун бисозад. Вале чангаш холиву пурҳасрат дар ҳаво муаллақ монд ва дид, ки савора бо шасти маҳмезу кўбокўби тозиёна аспро ба дуриҳо метозонад. Ў дигар мадори рост истодан надошт: вуҷудаш аз нафрате ба худ сўзон, мисли парандаи болу паршикаста рўи хоки сард нишаст ва аз шарм ба пеши пояш нигарист.

пешина
аз 276
навбатӣ