Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

«То имрўз аз қавлам нагаштаам!» – аз лабаш ғурише рехт ва бо шаст рафта банди асп аз яккамех кушода ҷониби дарвоза равон шуд: дигар на бубинаду на бисўзад.
Ҳангомае бархост дар ҳавлӣ: зану кўдаконаш чун аз паси тобути бобову бибияшон фиғон бардоштанд ва бо чашмони ашкбор, бо нафрату надомат ба аспталаб нигаристанд. Асп аввал талху бо алам наҷвое баровард, сипас гиряомез шеҳа кашид. Ҷавонмард то сари теппаи домони деҳ аз лаҷоми асп дошта, саркашолу қадамшумор омад. Ва ҳине, ки ҷилав ба дасти дўсташ супурд, асп ором, балки дар хаёли ў карахт гашта, сипас сар хам карду хокро бўй, балки оҳи вазнин кашид; аз пилки чашмони пурандўҳаш ғўраҳои ашк равон шуданд. Инро танҳо ҷавонмард диду ба чашмонаш нам давид.
– Зину афзорҳояшро бигир, – шоду мамнун ба садое пурҳаяҷон гуфт дўсташ. – Лозим мешаванд…
– Не, – бо хандаи талх посух дод ў. – Аспро ки бахшидам, ин афзорҳо чӣ кирое доранд? Инҳо ба ҳамин асп мезебанд.
Ва ў дид, ки ҳолати дўсташ якбора дигаргун шуд. Мардак мисли он ки ганҷи беҳисобе ба каф оварда бошад, ба талвоса афтод; ангуштонаш ҳангоми гирифтани лаҷом ларзиданд, овозаш бегонанамо шуд, чашмонаш беҷо, гоҳ ба ў нигаристу гоҳ ба асп. Ва шояд аз тарси он ки мабодо ҷавонмард аз қавлаш бигардад ва ганҷашро бозпас ситонад, саросема, ҳарисона по ба рикоб ниҳоду мисли пишак ба хонаи зин ҷаҳид ва бе фотеҳа, бе хайру хуш аспро маҳмез зад. Ҷонвар якбора девона шуд. Силсиладор шиҳае кашид, ки гўё замину осмон ба фарёд омад. Шиҳааш наъра аз хиёнат, бедодӣ, ғиреви эътироз буд. Сипас шўру исён бардошт ҷонвар: чашмонаш беҷо, косагардону алобуло, ду–се карат чароғпоя истод; чапғалат ҷаҳиду ҷуфтак партофт; мисли гирдбод чархиду фук ба замин соид. Эҳтимол хост бо ин ҳила ва ҷонкоҳонӣ бори нанг ва хўсаи асорат аз пушти худ дур андозад. Ба ҷои савора пораҳои замин аз зери сумаш ба ҳаво париданд.
Мардак мисли харчанг ба пайкари ҷонвар часпида буд ва ҳар замон лаҷомро бераҳмона силтав мезад, то ки даҳони асп бидарад ва ҳайвон неруи бозуи савораро эҳсос бикунаду рому мутеъ гардад. Асп аз дуруштиҳои ў дучандон безобита шуд: охир ин хел муомилаи ғайриинсониро ҳаргиз ёд надорад. Ва то ин лаҳза бегонае по ба рикобаш наниҳода ва зери ронаш нагирифта буд. Ҳангоме ҷавонмард тозиёна дар камарбанд андармон, аз афсор дошта қадамшумор берун равон мешуд, дар қалби ҷонвар шавқи шўхиву бозӣ ҷўшида сар ба само мебардошту шиҳае нарм сар медод, бо ҳаракатҳое аҷиб, саршор аз ноз ба пайкари соҳибаш лаб мерасонду дандон.

пешина
аз 276
навбатӣ