Шоҳроҳи истиқлол

– оинадор ҳозир шуд ва бо ҳазлу шўхӣ онҳоро ба нигаристан ба чашму рўи якдигар ҳидоят кард. Ва лаҳзае ҳамдигарро дар оина диданд; рўи духтар мисли шўълаи оташ дам ба дам ранг мебохту чашмони шаҳлояш чун оҳуи рамида ҷои гурез меҷустанд. Ҷавон зоҳиран ором буд ё шояд худро ҳамин хел меангошт, ба ҳар сурат, гули табассум аз лаб, нигоҳи пуршарму ташна аз чашмони арўс намеканд… Ва ҳоло онҳо дар оинаи шаффофи чашмони асп боз якдигарро диданд.
Он шаб ҷавонмард ба арўсаш қисса кард: марде дар мулке монанди ў ончунон дилбохтаи асп будааст, ки ҳамсараш аз рашк ба ҳайвон заҳр медиҳад.
– Воҳ! Асп нобуд шудааст?
– Бале. Нозук аст ҷонвар… Девзот асту нозук.
– Оҳ разиле, бадаъмоле! Зан ҳам бераҳм мешудааст?
Шавҳар ба зан чӣ ҷазо дод?
– Ҳеҷ…
– Чаро?! Пас ў аспашро аз таҳи дил дўст намедоштааст! – фиғономез пичирос зад арўс.
– Не, дўст медошт, чунон дўст медошт, ки ногуфтанӣ. Лекин занаш низ ошиқи шайдои ў буд…
– Ҳа–а, аҳволе доштааст нима дар обу нима дар оташ…
– Ҳамин хел… Баъди ин мусибат дили мард аз зиндагӣ сард мегардад. Муддате дар мотами аспи азизаш хонашин мешавад. Сипас ба коре даст мезанад, ки ҳаргиз накарда. Ў шабеҳи ғижжак асбобе метарошад, ки сар ва гўшакҳои он мисли сари зебои асп. Ва тамоми умр бо ин асбоб дар фироқи ҷонвар оҳангҳои пурсўзу дилхарош менавозад…
– Ақлатро дуздидааст? Ҷодуят кардааст! Ба худ биё, нате аспа! – аз нигоҳи маҳзун ва ҳаракатҳои мавзуни асп чашм наканда, аз беҳангӣ сари по нишаста гиряомез гуфт зан.
– Мол чирки даст аст, – ғурид ў. – Мераваду боз пайдо мешавад. Вале аз дўст дареғ доштани чиз ноҷавонмардист.
Бобоям мегуфт: сад асп ба нохуни як дўст намеарзад.
– Ин мардак дар дилаш ба ту заррае меҳру ошноӣ надорад, ошиқи аспат аст… Баъди соҳиби асп шудан туро фаромўш мекунад…
Ҳарфҳои пурмаломати зан оташи ниҳони алами мардро аз нав афрўхт ва сўзиши захму ҷароҳатҳои қалби ў дучандон гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё