Шоҳроҳи истиқлол

– Эҳа, одами тамаъкор, каси манфиатҷў ҳаргиз дўст нашавад.
– Асп ёфтан осон, вале ҳар рўз ёр пайдо кардан осон не.
Мегўянд-ку: дўст гум кардӣ, сари хеш хум кардӣ…
Ҷавонмард аспро бо зеботарин абзорҳо оро дод ва дар яккамехи байни ҳавлӣ баст. Асп чун айёми баъди ду–се моҳи парвариш аз саисхонаи торик ба ҳавои равшану кушод баромадан ибтидо резачорхез гирди яккамех давид, сар афшонда шиҳа кашид, дастак зад, ёлу дум афшонд; сипас нигоҳаш пурташвиш, илтиҷоомез ба аҳли хонадон, ки орому бедимоғ буданд, нигарист. Ҳамсари ҷавонмард хаёливу пурандўҳ дар табақе ҷав овард пеши фуки ҷонвар, то насибаи охирин аз хона бигирад. Вай ҳамин хел одат дорад: ба аспҳое, ки мард фурўхтани мешуд, лаҳзаи видоъ насибае медод ва қарзи инсонӣ адо мекарду бори дил сабук. Вале асп ҷавро бўй кашиду донае ба даҳон нагирифт. Баръакс шабеҳи оҳи сўзон нафаси тўлонӣ кашид. Гўё «ҷави соҳиби бевафоро чашидан ҳайф аст» гуфт. Табақи пурҷав ва овози зан ларзид:
«Фаҳмидааст, пешбин аст охир, фаросат дорад, малол, дилхун аст асп, – нолише бароварда, ашк рехт зан. – Пеш ҷав меовардам, бозӣ мекард… Нате аспа, дилама пора накун.
Зебу баракати хона ҳамин асп аст. Нате…»
Ба лаби ҷавонмард ханда давид, не чизе шабеҳи ханда, лек ранги рўяш парид. Ёд овард, ки баъди ҷашни арўсӣ ба ин зан гуфта буд: «Як хоҳиш дорам: хоҳӣ ки ман аз ту шоду ризо бошам, аспамро нағз бипарвар. Худам ташнаву гушна монаму аспам не».
– Метарсам. Мабодо лагад занад.
– Не, ҷонвар аҳл асту дилбин, маҳбубаи маро ҳаргиз намеозорад,– гуфта буд ҷавонмард. – Биё, пешониашро бимол, ҳини об, коҳ додан ёлу гарданашро бинавоз, баъд мебинӣ, ки чи хел ба ту унс мегирад, мисли бародарат меҳрубон мешавад. Охир асп аз бофаросаттарин ҳайвонҳост…
Зан беҷуръат паҳлўи ҷавонмард истод ва ҳаросон каф ба пешонии асп расонд. Ҷонвар ончунон ором шуд, ки рагу пай ва мўяш наҷунбид ва осудаҳолона нафас кашид. Зан молиду хорид пешонӣ ва гардани аспро ва баногоҳ дар оинаи чашмони ҷонвар худ ва шавҳарро дид, ки китф ба китф истодаанд. Чунин ҳолат танҳо баъди никоҳ дар паси чодар рух дода буд. Он лаҳза, ки дили духтарак аз шарм, ҳаяҷону изтироб кўбокўбу тапиданҳо дошт, – охир шаҳро бо суруду тарона наздаш оварданд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё