Шоҳроҳи истиқлол

Не, ҳангоми нокомӣ ҷавонмард мушт бар зонуи худ мекўфт ва пешонии арақшори аспро мемолид; ё қафаси сина ба гардани асп афкандаву часпонда, худро ба он беҳолона ҳамоил сохта, бехи гўши ҷонвар талх механдид. Ҳамзамон гардани арақшори ҳайвонро бо меҳр менавохт. Асп нафаси осуда мекашиду даҳана мехоид.
Аслан решаи кинаву кудурат шўҳрати чусту чолокии асп ва ҳунармандии човандоз буд. Чун дар маъракае бахт насибашон мегашту ситоиши аспу човандоз аз даҳан ба даҳан мегузашт, ҳасудону бадхоҳон аз алам месўхтанд.
Вале як дўсташ ба аспи ҷавонмард забони харидорӣ кушод.
– Намефурўшам, – гуфт ў. – Магар девона шудаӣ? Беҳтараш ба синаам ханҷар бизану ин асп бигир…
Дўсташ солу моҳҳо ўро сар надод ва ҳама ҷо аспро ба савдо гузошт. Ончунон ки ҷавонмард аз хирагии беҳаёёнаи ў ба танг омад ва «Эй бепир, безорам кардӣ. Аз шайтон раҳидан мумкин будаасту аз ту не. Бе пул бигир аспа» – гуфт бо қаҳру нафрат. Аз ин рафтори ў ҳатто душманонаш дар ҳайрат, хайрхоҳонаш ба андеша рафтанд.
– Аблаҳ, пушаймон мешавад, – гуфтанд онҳо. – Ин хел моли нозанина дигар ёфтан мушкил. Аз ин асп чӣ бадӣ дид?
– Сарашро гаранг, кўрхаташ кард ин мардаки беинсоф.
Ба ҷон расондаш…
– Шояд…. Лекин хислати ҳотамона дорад: касе чизашро се–чор маротиба биталабад, бо ду дасти адаб бароварда медиҳад…
– Не, ин рафтораш нишони заволи иқбол аст. Охир ин хел асп шарафи мард ҳисоб меёбад… Аҷиб, ба кӣ ситеза мекунӣ? Мегўянд–ку: қаҳри ҷўгӣ – зарари ҷўгӣ…
– Ошнодорӣ беҳ аз пулдорӣ, гуфтаанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё