Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Абдуҳамид САМАД

АСП МЕРАФТ…

Ҷавонмард аспбоз буд ва аспи бешумор дида. Вале дилбохтаву ошиқи аспи гули бодомаш шуд ва онро баробари ҷон, зану фарзандон ва ёру бародарон дўст дошт. Охир ҷонвар ҳамрози беҳтаринаш буд. Ва рўзе дар кўча пои пиёда бе ин асп қадам мезад, хаставу пакар менамуд, ҳазлу шўхии ҳамдеҳагон ба гўшаш намефорид: худро ҳақиру нотавон мепиндошт. Ва дар дил иқрор мекард: «Тахти равон, болу пари мардон аст асп». Шўх буд аспаш ва бо ҷавонмард бозидану нозиданро хуш дошт. Ва чун ў наздаш мерафт, аспи ором ҷони тоза мегирифт, мисли гул мешукуфт ва бо ҳаракатҳои аҷиб: пойкўбӣ, гўшхобонӣ, ёлафшонӣ, гардантакониву чархидан ва ё лаб сари шонаи ў молидан ё банди дасташро нармакак газидан меҳри саршорашро ифода карда, дили соҳибаш аз нишоту фараҳ лабрез менамуд. Асп дар чашми мардум сол ба сол нозанинтар, нерўву шукўҳаш дучандон, роҳравиву тохтанаш бемислу монанд мешуд. Пиру ҷавон харидорона ба ҷонвар нигариста мегуфтанд: «Ҳай моли сара… хуб аспи нозанин, ба хироҷи як мамлакат меарзад. Ҷавонмарди худодод, хушзавқу молпарвар будаст». Асп магар нигоҳи ошиқона ва ситоиши беинтиҳои одамонро эҳсос мекард, ки мастона ёлу думи дарозу бирешимворашро афшондаву алвонҷ дода, гардани баланд ва шабеҳи мармари рангаву хушҷилояшро камонсон каҷ сохта, тарзе ҳамвор хиромидаву рақсида–рақсида ва хушоҳанг пеш мерафт, ки дар хаёли одамон об дар шиками соҳибаш намеҷунбид.
Ҳангоми бузкашӣ бол мебаровард ҷонвар ва бо нерўе азим, ҷое наъракашон ва ҷое бо дандон аспҳои халалрасонро газида, морсон печу тоб хўрда аз байни тўда соҳибашро берун оварда, пирўзу шодком месохт. Он гоҳ ҳаёҳу ва таҳсинхонии мардум ба фалак мепечиду ҳисси кинаву кудурат дар қалби сиёҳи бадхоҳони аспу ҷавонмард меҷўшид. Бале, ҷавонмард аз боиси аспи зебову овозадораш дўстону душманони зиёд низ пайдо кард; ҳасудон бештар қасди ҷони аспро доштанд. Онҳо дар ҳассостарин лаҳза, вақте ки ҷавонмард дастаи тозиёна бо дандонҳо дошта, бехуду саргум панҷаҳояш дар банди пойҳои маслухи зери рикоб андармон, бо шўру ҳайбату валвала ва ҳазор ҷонкоҳонӣ сафи тўдаро шикастанӣ мешуд, бадхоҳон бо пайкари аспони худ пеши роҳи ҷонварро баста, бо пошнаи мўза ё дастаи тозиёна ноаён ба фукаш зарбаи дардовар мезаданд, ки роҳ соф кардаву аз байни фавҷ баромада натавонад; аз кўбокўб ва маҳмез лакоту беҳанг бишавад; аз ҳама муҳимаш бузро ба ҳалолҷо нарасонаду ба хашму нафрини соҳибаш гирифтор шавад.

пешина
аз 276
навбатӣ