Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Модом ки шинохтаӣ, роҳат сафед! Ба қумандон аз ман салом расон. Ҳатман!
Абдулаҳад тоқиро пеши пояш партофта, худро ба замин андохт. Зор–зор нола карда, ба хасу хошок панҷа зад, хоку сангро ханҷол кашид.
–Бихез, хари Даҷҷол! – гуфт ҷавон. Ва ҳангоме ки ў ниҳоят рост истод, овозаш акнун пасттар илова намуд: – Ту мехостӣ номи маро бидонӣ. Ҳамин тавр?
Абдулаҳад боз калла ҷунбонд.
Ҷавон ба риши мошубиринҷи кулўта, ба чашмони калон– калони чун чашми бум гирда ва ҷуссаи низ қариб кулўлаи вай лаҳзае нигариста – ҳандалакро мемонад–э! – автаматро ба ду даст гирифт.
–Пас бидон, номи ман Диловар. Бародарам Бахтовар буд.
Аммо бебахт рафт вай аз ин дунё. Ба хиёнати ту... Ҳатто вопасин манзилаш дар куҷост, намедонам.
–Хоки қадамат шавам!
Забонаш гиреҳ баста, Абдулаҳад дигар ҳарфе ба лаб оварда натавонист. Ва дар миёни чашмонаш тири сўзон, вазнин калавида, аз канори ҷар сарозер парид.
Ҷавон нишаст. Автаматро оҳиста дар бараш монд. Сипас ба хирмани хуршеди тобону вусъатободи баланд гўё бефарқ як назар афканда, сар ба кафи дастонаш гирифт. Ва талх гирист. Шояд ба ёди падараш, ба хотири бародараш, мумкин аст ба ҳоли худаш, ё эҳтимол – кӣ медонад? – умуман ба марги номаш фарзанди одамизод...
1998–2000

пешина
аз 276
навбатӣ