Шоҳроҳи истиқлол

Агарчи қурси офтоб худро боз чанд қади найза боло гирифта, ҳаво бештар метафсид, чир–чири зиллаҳо дигар ба гўш намерасид, – эҳтимол шав–шуви об пахш менамуд онро.
Аммо жавраку гунҷишкон аҳён–аҳён парвоз доштанд. Кўҳи Бузург дар мақоми худ ҳамон устувор истода, ин дам танҳо як қаноташ ба назар метофт. Қариб лоҷувардӣ, босалобат ва дар банди сукут буд он девори машриқ. Гўё ба андеша мерафт. Гўё аз гуна–гуна ҳаёту мамоти одамон фикр мекард вай дар рўи ин замини бекарон. Осмон саросар соф менамуд.
Ончунон соф, ки кас беихтиёр мехост фақат зинда бошад. Аз рўбарў боди сабук вазида, баъзан гум мешуд, гўё омехта ба бўи дарё чапғалат мезад. Онҳо камобеш бист дақиқа хомўш роҳ паймуданд. Абдулаҳад дам ба дам пичир–пичир дошт, – зери лаб дуо мехонд. Ҷавон ба назар осуда буд. Дар даст автамат хасу хошоки қади ҷарро бо мўзаҳои бақувваташ зер карда, якмаром қадам мемонд.
–Биист, – гуфт ў ногаҳон.
Абдулаҳад ҳамоно истод.
–Ба Тезоб нигар.
–Ана, – рў ба дарё овард Абдулаҳад.
–Пеш бирав.
–Не–е... Садқаат шавам, не!
–Ту охир ҳар чӣ зудтар ба мулло Насрулло вохўрдан мехостӣ! Ё хато мекунам?
–Аз гуноҳам гузар. Ман як худозадаам...
–Аввал пеш бирав! – ба тундӣ гуфт ҷавон. – Аввал лошаи ҷўраатро ба ду чашми сарат бубин!
Абдулаҳад тарсидаву ларзида, ноилоҷ се–чор қадами баэҳтиёт гузошт сўи ҷар. Ва аз ҷои истодааш, аз иртифои тахмин панҷоҳ газ, дар поин, дар санглохи лаби дарё ҷасадеро дид, ки як дасташ ба оби тираи он расам–нарасам рў ба осмон мехобид. Аз ин манзара ба саропояш раъша давида, вай мижазанон ба қафо, ба чеҳраи ҷавон нигарист. Ва худи ҳамон лаҳза ҳайати парешонаш ба чашмони ғазаббори ў дакка хўрд.
–Шинохтӣ?
Тоқии сафедаш дар даст Абдулаҳад бо азоб калла ҷунбонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё