Шоҳроҳи истиқлол

Баъдҳо бо чӣ сабабе гурўҳ – гурўҳ мардумони деҳаҳои дараи Ромит кўчида ба Роҳатӣ меомаданд. Аксарашон дар ҳамин заминҳои даруни сангоб хонаю ҳавлӣ бунёд карданд. Ва имрўз ба туфайли манзил ёфтани онҳо деҳаҳои Роҳатӣ ва Нилкон қарибе бо ҳам якҷоя шудаанд. Вале, чи тарзе таъкид намудем, мардумони дар он сўи сангоб мондаи деҳаи мо ҳанўз худро нилконӣ мегўянд, манзил – хокдонашон ҳам дар ҷониби мо – дар Нилкон.
Бале, сол аз сол ҳисоби аҳли деҳаҳо афзун мешаванд, хонаю дар месозанд. Миёни баъзе деҳаҳо, аз ҷумла Тепаи Самарқанд, Фермаи Нилкон, Оқчақман, Дуобаи боло, Меҳтарӣ, Роҳатӣ ва Нилкон қарибе ҳудуд намонда. Заминҳои деҳаи Нилкон, ки дар замонҳои подшоҳӣ мардумонаш заминдор ҳисоб меёфтанд, бо баъзеи ин деҳаҳо якҷоя шуда аз они сокинон гашта.
Дар баҳорон оби сангоб байни Нилкону Роҳатӣ зиёл гашта сел меояд. Мардум баъзан аз сангоб гузашта наметавонанд, равуояшон барҳам мехўрад. Чандест болои сангоб кўпруки ларзонаке пайдо шудааст. Онро кўпруки эшони Аъзамхон мегўянд. Ин марди саховатманд, савобҷўйро ҳамаи мо медонем. Бадавлат ҳам нест, солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар Бухоро таҳсил карда, илми таҷвиз, қироъатро бисёр хуб аз худ намуда. Овози хуше дорад, вале ў аз ин пеша нон нахўрда, устои чўбкор аст. Марди бо ҳунар. Ана ҳамин эшони Аъзамхон бо меҳнати ҳалолаш каму беш маблағ ёфта, масолеҳи кўпрук, ҳар гуна оҳанҳо харида, барои равуои мардум аз болои сангоб кўпрук сохта. Алҳол пояҳои кўпруки эшони Аъзамхонро обхезиҳои айёми баҳорон бебақо кардаанд. Об ба ҷониби деҳаи Роҳатӣ, ба тарафи баъзе ҳавлиҳо гаштааст, саҳни чанд ҳавлиро об шуста бурдааст. Хавфи ба коми сел рафтани кулбаҳои сокинони ин ҳавлиҳо ба вуҷуд омадааст. Ба ҳар ҳол кўпруки эшони Аъзамхон мавҷуд аст, онро баъзе одамони савобҷў аз нав месозанд, ба ҳар гунае насозанд, минбаъда кўпрук бо номи эшони Аъзамхон. Номи одамони саховатпеша баъди сарашон ҳам зинда мемонад.
Акнун чанд сухан аз хусуси маънии номи деҳаи Нилкон.
Ривоятҳо мавҷуданд. Некон ҳам мегўянд деҳаи моро. Аммо номи Нилкон маъмултар. Дар ҳамаи мавридҳо Нилкон мегўянд. Ва ҳамин тавр менависанд. Чӣ маъние дошта Нилкон ё Некон? Ба чӣ муносибате чунин номҳо ёфта деҳаи мо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё