Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

–Барои он ки ҳо дар он ҷо, – интиҳои талро нишон дод ҷавон, – дар сангоби таки ҷар, дина бегоҳӣ як мурдаро дидаанд. Мулло нашинохтааст. Ба ман гуфт, ки аввал ўро бурда, ҳамонро аз назараш гузарон. Мумкин шиносад...
–Охир аз он ҷо ба сангоб фуромада намешавад. Роҳ нест,
– худро дошта натавониста, қариб ба фиғон омад Абдулаҳад.
–Ҳаст! Ман дидам, ҳаст як пайроҳа! – қаҳролуд гуфт ҷавон.
–Нест. Ман ин ҷойҳоро панҷ панҷаам барин медонам...
–Як худи ту не, ман ҳам медонам! Ҳаст!
–Наузубиллоҳ!
–Рафтем, дуопараст.
–Таҳдид мекунӣ?
–Ҳаргиз! Фақат ин ки роҳ гард...
–Ту, бача, ягон бало дорӣ. Агар не, дўғ намезанӣ..
–Ман ҳоло ба дўғу пўписа хў нагирифтаам.
–Илоҳӣ асло нагирӣ!
–Хайр, биҷунб!
Ноилоҷ монда, сари тарошидаи тоқидораш хам, ниҳоят ба роҳ даромад Абдулаҳад. Ҷавон ба вай китф ба китф мерафт. Ҳар ду ҳам сухане ба забон наоварда, хомўш қадам мемонданд. Пас аз каме аввал шав–шуви дарё ба самъ расида, баъд тўлаш тақрибан сесад метр як ҷари баланд пеш омада, дар буни он худи дарё низ намоён гардид. Обаш тира буд. Ҷо–ҷо печутоб хўрда, гув–гув садо диҳад, дар ҷои дигар ҳамвор ва ором мерафт. Инак онҳо лаб–лаби ҷар ҳаракат доштанд.
–Вай дар куҷо? –яқин бетоқат шуда, пурсид Абдулаҳад.
–Каме болотар... –гуфт ҷавон хаёлманд.
–Сабил монад, кас метарсад аз ин ҷари бетак.
–Чӣ, ҳеҷ гоҳ лаб–лаби ҷар нагаштаӣ?
–Дар ёд надорам.
–Боз мани гаранг фикр кардаам, ки кору борат ҳамин буд.
–Туро хеҷ нафаҳмидам. Ҳар чӣ мегўӣ, кадуча дорад.
–Ин қадар набудагист.
–Пас чӣ қадар?! – ноаён дандон гиз кард Абдулаҳад.
–Гумон мебарам ҳоло камтар... – хандида гуфт ҷавон. – Ин шояд аз таъсири дарс бошад. Чӣ илоҷ, касбам ҳамин мешавад – пурсиш, тафтиш...

пешина
аз 276
навбатӣ