Шоҳроҳи истиқлол

–Дар ягон ҷо мехондӣ?
–Чаро мехондам? Мехонам!
–Автамат бардошта гаштаӣ–ку!
–Ба амри дил... – даст афшонд ҷавон. – Гоҳ–гоҳ ҳамин хел мешудааст.
–Аз дилат гардам, –нешдор карда гуфт Абдулаҳад.
Ҷавон худро ба нодонӣ зад.
–Баъде ки падарамро куштанд, қасам хўрдам ҳатман ҳуқуқшинос шуда, ба доди мазлумон мерасам. Ба решаи ҳар махлуқи ноинсоф алав монда, хокистарашро бод медиҳам.
–Яъне ки ҳоло мехонӣ?
–Бале. Худо хоҳад, пас аз як сол диплом мегирам.
–Пракурор мешавӣ?
–Шояд...
–Лекин аз ҳад нагузарон.
–Кўшиш мекунам...
–Дунё ба умед гуфтаанд.
–Ҳоло ман аз ту боз як чиз пурсиданиам.
–Пурс. Шарм надошта пурсидан гир, касбат ҳамин будааст.
Ҷавон муддате хомўш қадам монда, ногаҳон бозистод.
Абдулаҳад низ таваққуф намуд. Вай аз лаби ҷар як–ду метр интарафтар қарор дошт. Ба гўш мунтазам шарфаи дарё мерасид. Ҷавон ба чашмони гирдаи Абдулаҳад нигариста, аввал нафас рост кард, балки оҳи бадард кашид. Сипас оҳиста ҳарф зад:
–Порсол, баҳорон, чанд рафиқаш як афсари захмиро ду– се рўз ҳамин ҷо бошад, бемадор аст... баъд мо омада ба худ мебарем гуфта, дар хонаи ту монда буданд. Гапи одамонро гирифта, туро инсони баэътимод пиндошта... Аммо пагоҳаш ўро дигарон бурданд. Бурда паронданд. Дуруст мегўям?
Абдулаҳад, ранги рўяш якбора парида, худро аз дами ҷар дуртар гирифт. Ва беихтиёр лаб лесид; чунон ки нохост дар банди ҳайрат афтида, карру гунг шуда бошад, овозе ҳам набаровард.
–Дуруст мегўям? – такрор кард ҷавон.
–Ту инро аз куҷо медонӣ? – ба вазни нигоҳи ў дигар тоб оварда натавониста, саросема ба забон омад Абдулаҳад. – Зоғи ман аз боғат нагузашта бошад...
–Мегўӣ, ки нагузаштааст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё