Шоҳроҳи истиқлол

–Донистан ба ҳар ҳол зарар надорад.
–Албатта! Ҳушёр мешавад одам...
Инак онҳо тали дуюмро пушти сар гузошта, ба ёнаи ҳамчунон пур аз хорбуттаву хасу хошок рў ба ёла уреб мерафтанд. Ҳар кадом дар банди фикри худ хомўш буданд.
Офтоби тобон дар сатҳи осмони мусаффо хеле роҳ паймуда, ҳавои тобистон ба тадриҷ метафсид. Аз дуру наздик гоҳ– гоҳе фарёди зиллаҳо ба гўш мерасид. Ва мешуд, ки баъзан аз болои сари онҳо гунҷишкони эҳтимол ташнаву жавракҳои беқарор парида мегузаштанд. Аҳён–аҳён шамолаке низ вазида, ба худ бўи об меовард, роиҳаи дарё меовард. Мазмун, дар кадом ранге бошад, ширин буд мазаи ҳаёт.
Вақте ки ба ёлаи андак паҳн расиданд:
–Ана Зағорадеҳ, – гуфт Абдулаҳад, шодмон нафас рост карда.
–Бале... – гуфт ҷавон зери лаб.
Онҳо дар фарози тали бузург, ки ба ду тараф дароз кашида, тадриҷан нишеб мерафт, рў ба офтоббаро меистоданд.
Паҳлу ба паҳлу буданд. Дар дасти чап, дар интиҳои як қаноти тал, ки рўди Тезоб аз домани он тоб хўрда мегузашт, ҳақиқатан ҳам Зағорадеҳ воқеъ гарида, ба долу дарахтони сарсабзи худ чашм мерабуд. Дар ин чоштгоҳи тобистон кас беихтиёр мехост дар оғўши сояву салқини он роҳат барад. Аз рўбарў, аз дуриҳои дур Кўҳи Бузург сар ба фалак кашида, дар бараш хат–хат барфхонаҳо, ба ранги лоҷувард, вале як қадар тира метофт. Дар дасти рост, баъде ки дигар канори ин тал рафта–рафта поин мехамбид, тали баландтаре оғоз ёфта, намудаш то ба ёла гўё қадам ба қадам хокистарӣ ва дар охир сиёҳ шуда, ба назар пораи кўҳро мемонд. Аз ҷониби Тезоб – вай дар ин ҷо ба чашм намерасид – гоҳ қатъ гардидаву аз нав боло гирифта, боди серун мевазид.
Ширин буд зиндагӣ ба ҳар рўзу шабаш!
–Хуб, рафтем, – гуфт Абдулаҳад, ба сўи Зағорадеҳ ишора карда. – Худо хоҳад, ҳамин замон ба дидори мулло Насрулло мерасем.
–Аввал ин тараф равем, – гуфт ҷавон, ба дасти рост нигариста. Сипас бо як савқи табиӣ автаматро аз китфи худ гирифт. – Ба дидори вай баъдтар мерасӣ.
–Чаро? – ҳайрон шуд, балки тарсид Абдулаҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё