Шоҳроҳи истиқлол

Ва баъд чун одам боз сари по хеста, аз барои расидан ба тали дигар роҳашро вазнин идома медиҳад. Ва ҳангоме ки ёнаи нав оғоз меёбад, дафъатан гашташ душвор шуда, нафасаш дар гулў мепечад, душманӣ мекунад ба ҷонаш.
–Ҳамин тавр?
–Чӣ ҳамин тавр?
–Ҳеҷ, дар омади гап буд.
–Туро хаёлӣ пиндорам, як ҷавони ҳушёр менамоӣ...
–Ҳар чӣ мехоҳӣ, бигў.
–Аҷаб...
Бо ҳамин хомўшӣ ихтиёр карда, ҳар кадом дар банди андеша, вазнин мерафтанд онҳо. Фикри ҷавон ба ҳоли худаш банд буд; ба эҳсоси пуртазоде ки дар дил дошт, дам ба дам латма мезад. Хаёлаш, гўё ба гуфтор меомад ба вай. Зуд–зуд мегуфт, ки чӣ хуб аст зиндагӣ, чӣ равшан аст ин дунёи пурҳарорат. Шаб меояд, бод мевазад, саҳар мерасад, офтоб рух метобад, олам ҳама гарму нарм мешавад. Вале чаро гаҳу ногаҳ чанд нафар ё гурўҳ–гурўҳ касифон ба пайдо омада, ин ҳастии муқаддас, ин дунёи назифро олуда месозанд? Ҳамин тавр фикр мекард ҷавон дилаш реш–реш шуда. Абдулаҳад чӣ? Ҳарчанд мағшуш буд, ба як савқи табиӣ фикр мекард, ки банохост чӣ боре омад ба сараш. Вай, ин ҷавони яқин нонавард – зотан пок аст, ё нопок, – то куҷо мебарад ўро? Чаро, чаро ин шаб, ё худ ин саҳар нобаҳангом хосташ мулло Насрулло? Барои чӣ на ягон одами шинос, балки ҳамин дамдуздро фиристодааст ў ба суроғаш? Ҳар чӣ бошад, илоҳӣ оқибати ин рўзи сафо бахайр шавад.
–Азобат медиҳад калўш? – гашти фаҳулонаи Абдулаҳадро як–ду дақиқа муоина карда, бидуни ихтиёр пурсид ҷавон.
–Бале, ба мисли мўзаи ту, – гуфт бо алами пур аз тамасхур Абдулаҳад.
–Яъне чӣ?
–Яъне ки агар дар поят калўш дорӣ, вай як чизи сусту муст аст, хоҳ–нохоҳ баэҳтиёт қадам мемонӣ. Лекин дар поят мўза бошад, илова бар ин, чунон ки ту пўшидаӣ, мўзаи афсарӣ бошад, роҳи ҳамворро партофта, ба бероҳа меравӣ, мехоҳӣ аз болои хору хас кадам бизанӣ, онро маҷақ карда гузарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё