Шоҳроҳи истиқлол

Дунё ҳамин аст, агар бақувватӣ, ҳамеша аз барои нишон додани зўру тавони худ фир мегардӣ. Мазмун – кӣ, чӣ, дар куҷо – фарқаш нест… ягон муттако дошта бошӣ, масалан, ба монанди ана ин автамати худат, олам ҳама гулистон метобад. Ҳарчанд рўбаҳӣ, шер барин ба тохт меоӣ. Ё ками камаш, мехоҳӣ гург бошӣ. Мехоҳӣ, ки мардум ба ту тан диҳанд.
–Дар ин хусус бисёр фикр мекардӣ? – пурсид ҷавон.
–Суолат ба чӣ маънӣ? – каме мутаҳайир ба ў нигарист Абдулаҳад.
–Маъниаш – дилпур гап мезанӣ.
–Ман фикрамро гуфтам.
–Шояд дар зиндагӣ худатро шер мепиндоштӣ. Балки гург будӣ.
–Не, ман на ин будам, на он. Аз табиати баъзе одамон ҳамин хел хулоса бардоштаам.
–Ягон бор ба тохт наомадаӣ?
–Боз ҳам суолат сарбаста...
–Ман гуфтаниам, ки ҳеҷ гоҳ дарандагӣ накардаӣ?
–Худо нигаҳ дорад!
–Агар гапат рост аст, одами хубӣ. Ҳоҷӣ буданат ҳам мезебад. Лекин агар дурўғ мезанӣ, гўрат месўзад дар он дунё.
–Натарсон...
–Ман наметарсонам. Фақат ин ки сўҳбат мекунам. То метавонам, аз пасту баланди зиндагӣ хабар ёфта, мехоҳам мисли ту хулоса бардорам. Фарқи сиёҳу сафед дар чист, биомўзам.
–Душвор аст, додарам, сараро аз сақат ҷудо кардан. Ками дар кам мешавад, ки умри кас ба кушодани ин муаммо бирасад.
–Ба ҳар ҳол гуна–гуна воқиаҳои рўзгорро шунида, ҳатталимкон ба таҳлил гирифтан зарар надорад.
– Аммо гапат рост...
Онҳо ба пошнаи тал расида, як қадар ҳамвор рафта, акнун ба ёнаи тали дигар боло мебаромаданд. Пур аз хори уштуру сагак ва хасу хошоки дар офтоб сўхта буд ин тали баланд. Деҳа ба назар наменамуд. Абдулаҳад асабӣ шуда, буттаҳои хушкидаро чап дода, нафасаш номураттаб, ба душворӣ ва каҷ–каҷ қадам мемонд. Ҷавон, сараш андаке хам, тасмаи автамат дар китф, рост раҳ мекашид. Дар пой ки мўзаи бақувват дошт, воқиан ҳам хору хаси пешомадаро зер карда мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё