Шоҳроҳи истиқлол

–Ба он чи Худо фармудааст, то метавонам, итоат мекунам.
–Пас аз ҳаҷ фармуд?
–Наханд.
– Ман нахандидаам. Мақсад – ҳақиқат меҷўям.
–Дар роҳи ҳақиқат на аз миёни сангу хоки ин кўҳистон, балки гирдогирди дунё мегарданд.
–Ман онро аз ҳамин ҷо ёфтаниам.
–Худо мададгор шавад. Миёнатро ҳазрати Алӣ бандад.
–Ташаккур! – гуфт ҷавон ба оҳанги тамасхур. – Воқиан ту кай ҳаҷ кардӣ?
–Порсол.
–Ба кадом пул?
–Ният нек бошад, Худо медиҳад.
–Бад бошад чӣ?
–Он гоҳ намедиҳад.
–Не–е, медиҳад! – аз нав сахт карда, гуфт ҷавон.
–Шояд, аммо ман инашро намедонистам.
–Наход? – як табассуми тамасхуромез лағжид ба лабони ҷавон.
–Ту аз ман чӣ мехоҳӣ, ҳеҷ намефаҳмам.
–Ғайр аз он ки пеши соҳибат мебарам, дигар чизе намеҳоҳам.
–Вай ба ман соҳиб не.
–Пас кӣ?
–Як нафар ошно.
–Қасамӣ?
–Чӣ?
–Мегўям, ки қасамӣ?
–Дар ҳар сурат ман туро намефаҳмам.
–Ҳоло мефаҳмӣ.
–Ҳар чӣ бошад, фаромўш накун: фарзанди мусулмонӣ.
–Вақте ки дар ин саҳари офтобӣ аз паҳлуи ту барин ҳоҷӣ қадам мемонам, чӣ тавр фаромўш мешавад?!
–Боз писханд мезанӣ?
–Ҳаргиз.
Яке калўш дар по, дуюмӣ мўза… онҳо аз болои хору хас
ба ёнаи дигари тал сарнишеб мерафтанд. Шиками Абдулаҳад ба пеш хамбида, ҷуссаашро вазн оварда, гўё тани пургўшти ўро поин кашидан мехост. Ва гоҳо ба назари ҳайрони ҷавон чунин менамуд, ки вай, як марди камобеш чилупанҷсола, ҳамин ҳозир ба монанди тарбуз аз рўи ёна ғелида, то ба пошнаи тал мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё