Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Акнун аз ҳар гузар овозҳо баромад, ки «демократия нест, озодии сухан нест, ободӣ нест!». Дигар ҳизби ҳукмрон, ҳизби Ранҷбарон дасту даҳони инҳоро баста наметавонист – аз як ҷиҳат тўда буданд, бисёр буданд ва аз ҷиҳати дигар ҳизби Ранҷбарон аз асли идеяаш дур рафта, мансабҳоро хариду фурўш карда, беобрў шуда буд.
Як сиёсат бадном ва дилбазан бишавад, мардум хоҳу нохоҳ сиёсати дигареро орзу мекунанд ва ваъдагарони ободӣ ба майдон биёянд, ба умеди беҳбуд, аз пайи онҳо мераванд.
Ҳизбҳои нав ваъдаҳои нав медоданд ва мардуме, ки аз якҳизбӣ ва яккаҳукмронӣ дилмондаву дилгир шудаанд ва шахсони мансабталабе, ки ба мактаб нарасидаанд ва касоне, ки фаҳму фаросаташонро нодида гирифтаанд ва ҷабрдидагон ва бекорон ва ҳангоматалабон ва беҳунарон ва даҳонялагон, ба сафи онҳо даромаданд ва ба майдонҳо баромаданд ва талаб пеш оварданд, ки «ҳукмдорони вақт зиндагии бадеро бори гардани халқ кардаанд ва бояд ки ба истеъфо бираванд ва дар ҷомеа тарҳи демократӣ андохтан ногузир аст».
Ҳа, кўзаи нав оби хунук дошт – адолати иҷтимойӣ ва озодии сухан ва истиқлоли Ватан ва рўзгори осоиштаю серу пур ваъда медоданд ҳизбҳои навбаромад.
Садоҳои мухолиф ба тартиботи сотсиалистӣ ва тарафдори ҷомеаи демократӣ, ки то ҳол дар хона ва гўшаҳои хилват ба забон меомад, акнун ба майдонҳо ва минбарҳо баромад; ва ин ҷунбиш ба ҷўшу хурўш расид ва гўё то ғалаба як қадами дигар монд; ва ҳар кадоме аз ҳизбҳо, ки берун аз Себароз пушту паноҳе дошт, воситаву дастгир меҷустанд ва аз Шаҳри Шаҳрҳо, аз ҳизбҳои ҳамном ва ҳамфикр ва ҳаммаром даъватномаҳо омад, ки «вакилон бифиристед, корҳои ояндаро маслиҳату машварат бикунем».
Ва чунин рост омад, ки он вакилон дар як рўз, дар як соат, ба як тайёра, чек гирифтанд – Мирвафо аз ҳизби Бародарон, Мирбақо аз ҳизби Баробарон ва Мирризо аз ҳизби Ҳамагон.
Фурудгоҳи тайёра, нисбати солҳои гузашта як ташвиш ва тараддуди таҳлукаомезе дошт. Мардум анбўҳ ва парешонҳол буданд ва дар ваҷоҳаташон бетоқатӣ, саросемагӣ ва қаҳр ва қатъият ва ҳатто ночориву ноумедӣ сайр мекард. Даруну беруни бинои фурудгоҳ аз одам меҷўшид.

пешина
аз 276
навбатӣ