Шоҳроҳи истиқлол

Як ғавғои пурдаъвои фичуркучур, монанди ғуч–ғучи сочҳо дар шоми тирамоҳ дар шохи дарахти чанор – баланд, шунаво, серсадо, аммо нофаҳмо ва аралаш. Тўдае дар таги дари раис, иддае дар остонаи ресторан, анбўҳе дар таги даричаи кассаҳо ва гурўҳ– гурўҳе дар толору рўи ҳавлӣ.
Мирвафо ва Мирбақо ва Мирризо, ҳар кадоме дар як мошини Жигули, бо шаст, рост ба дарвозаи толори хоси Ҳукумат даромаданд ва аз он ҷо, ҳар кадоме дар ҳимояи як силоҳдор, ба майдони парвоз баромаданд – гарданҳо баланд, китфҳо рост, синаҳо дамида ва бо виқор рафтанд пеши зинапояи тайёра.
Дар зинапоя, ба ҷои ду нафар нозири маъмулӣ, чаҳор нафар чекҳоро медиданду ба даромадан рухсат медоданд, вале саришта карда наметавонистанд – сафаракиҳо якдигарро тела дода, ба зўрӣ пеш гузаштан мехостанд ва танботанбаи пеши зинапоя, ба танбакуниҳои демократхоҳон дар бинои шўрои олӣ шабоҳат дошт. Дар он ҷо ҳам касе ҳамроҳи силоҳдор ояд, бенавбат медаромад, дар ин ҷо ҳам.
Пештар, даврони яккаҳокимиятӣ, бо силоҳ ба тайёра даромадан манъ буд. Ин қойидаи маъмулро касе бекор накардааст, вале дар рўзҳои бисёрҳизбӣ милисаву нозирони фурудгоҳ низ ба гурўҳҳо ҷудо шуданд – ҳар нафаре тарафдори ҳизбе ва намояндаи ҳизбашро пеш мегузаронад. Ва пеш гузарониданд – ҳар милиса вакили ҳизбашро аз тўдаи муҳаррик гузаронд ва бо посбону силоҳаш ба тайёра савор кард.
Маъмурон ёрое надоштанд, ки эрод гиранду монеъ бишаванд: «Дасти холӣ кадом девона аз силоҳдор риояи қойдаро талаб мекунад?».
Тайёра парвоз кард. Одами зиёде аз тайёра берун монд.
Якмаром ғуррос мезад маторҳо ва ҳамвор парвоз мекард тайёра ва салон роҳат дошт. Фақат аз се қатори байну тарафи рост ҷунбу ҷўл ва садоҳои баланд мебаромад, ки ба дигар мусофирон намефорид ва онҳо аз зери чашм ба он курсиҳо бад–бад нигоҳ мепартофтанд.
Дар он курсиҳо Мирвафо ва Мирбақо ва Мирризо бо муҳофизонашон нишастаанд. Вакилон орому камгап, аммо муҳофизон серҳаракату пургў. Онҳо стюардессаро ҷеғ мезаданду чизе мефармоянд, мизчаҳои пушти курсиро шақару шуқур кушода мепўшанд, мехезанду менишинанд ва мебароянду медароянд ва бо шарфаю дағалона аз тоқчаҳо борхалта мегиранд ва пистолетҳои дар тасмаи миён овезонро намоишкорона пешу пушт мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё