Шоҳроҳи истиқлол

Шаб таби Нигора баланд шуд. Вай аз оташи дарун месўхт ва аллоӣ мегуфт:
– Те куртема! Ин куртаи ман!
Духтарча бо панҷаҳои нозук аз домани модараш сахт медошт. Муҳаррам чанд дафъа барои овардани чой аз ҷой хестанӣ шуд, натавонист, дилаш нашуд. Нигора тез–тез нафас гирифта, бо лабони сўхта мегуфт:
– Те куртема!
Садои таболуди духтар аз равзанаи нимравшани хона берун омада, дар гунбади нилобии пурасрор танин меандохт.
Аз дили Муҳаррам гузашт:
– Шояд ба гўши худо расад!
Ўрун КЎҲЗОД
СЕ РАҲАКӢ АЗ СЕ ҲИЗБ
Достон
Дар шаҳри Себароз, ки панҷ маҳалла ва ҳабдаҳ гузар дорад, ба тақлид аз Шаҳри Шаҳрҳо, ки панҷ ҳазор маҳаллаву ҳабдаҳ ҳазор гузар дошт, се ҳизби нав – ҳизби Бародарон, ҳизби Баробарон ва ҳизби Ҳамагон таъсис ёфт.
Ҳамаи ин ҳизбҳо як даъво карданд. – Рўзгори халқ талх аст! Халқ ба ҳаёти ширине ҳақ дорад!
Ҳамин буд буду шуди даъво. Ва ҳизбҳо дар гирди ҳамин масъала баҳс кушоданд ва рўзномаҳо бароварданд ва хитобаву мақолаҳо менавиштанд ва ҳар кадоме ба таври худ исбот мекард, ки агар низоми тоталитарӣ бишканад ва ба ҷои он низоми демократӣ биёяд, гўристони мавҷуда, зуд бошад, ки ба гулистони воқеӣ мубаддал бишавад.
Мақсад як буд, вале даъватҳо гуногун – ҳизби Бародарон шиор партофт, ки «дигарон вайрон карданд, шумо дастгир шавед мо обод мекунем»; ҳизби Баробарон ливо бардошт, ки «то баробарии комил таъмин нашавад, адолат ғолиб нахоҳад омад»; ҳизби Ҳамагон ташвиқот мебурд, ки «ман ғами халқро нахўрам, ту ғами халқро нахўрӣ, рўзи беҳӣ фаро нахоҳад расид».
Шўру ғавғо бархест.
Пеш аз ин шўру ғавғоҳо ба шаҳри Себароз, монанди Шаҳри Шаҳрҳо, як ҳизб, ҳизби Ранҷбарон роҳбарӣ мекард.
Ва ин ҳизб, ки Кумитаи Марказиаш дар Шаҳри Шаҳрҳо меистод ва ҳизби ранҷбарони Себароз тобеи он буд, якка ҳукм меронд. Қонун ҳам худаш буд, қарор ҳам. Ҳизби дигареро роҳ намедод ва ақидаи дигарро қабул намекард. Ягон каси дигарро, ғайр аз аъзоёни худаш, лоиқи мансаб намедонист. Ва норозиҳо бисёр буданд, албатта.
Аввалҳо аз тарс ҳама хап мегаштанд. Касе даҳон кушояд даҳонашро мебастанд – радди маърака мекарданд, ҳабс менамуданд, ба девонахона медоданд, ба бадарға мефиристониданд.
Ба наздикӣ, баъди дар Шаҳри Шаҳрҳо ба расмият даромадани бисёрҳизбӣ, дар Себароз ҳам ҳизбҳои нав пайдо шуд, ки тақлидкориҳо ба ҳамон ҳизби марказӣ ва ҳамном мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё