Шоҳроҳи истиқлол

– Те куртема!
Ҷавон ҳамон замон духтарчаро тела доду аз дасташ куртачаро кашида гирифт.
– Гум шав, ҳаромӣ!
– Ту ҳаромӣ! Ин куртая додом дар рўзи таваллудам харида буданд.
Духтарча гиря кард. Модараш тавони даҳон кушодан ё аз ҷо бархостан надошт. Ҳамин вақт ҷавони паканаи силоҳдоре пайдо шуд ва аз фурўшанда пурсид:
– Чӣ шуд, Болтабой?
– Духтарчаи девона, куртаи ман, мегўяд, лаънатӣ.
Паканаи силоҳдор бо қундоқ Муҳаррами шахшударо тела доду дод зад:
– Дафъ шав аз ин ҷо, мепарронам!
Муҳаррам пуштнокӣ афтод, аммо аз куҷое нирў пайдо кард, зуд сари зону рост шуду худро болои матоъҳои бо хуни ҷигар ҷамъовардааш партофт. Дигар намедонад чӣ шуд?
Чанд дафъа садои тир баромад, шўру фиғони духтарчааш ва мардуми атроф аранг–аранг ба гўшаш расид. Вақте ки ба ҳуш омад, худро дар сояи девори бетонии меҳмонхонаи бозор дарёфт. Духтараш ҳиқ–ҳиқ гиря мекард, ранги рўяш парида буд, меларзид, хастаҳолона «Оча!Оча!» мегуфт.
Муҳаррам бо талвоса Нигораро ба оғўш гирифту сару рўяшро сила кард, бўсид, баъд, аз ҷо бархост, домани ҷомаашро афшонд, мўҳои парешонашро ба тартиб овард ва аз дасти духтараш гирифта ба иҷорахонааш, ки дар маҳаллаи навсохти шаҳр ҷойгир буд, пои пиёда, лангон–лангон равон гардид. Кафши пояш тангӣ мекард, пояшро мезад.
Хайр, ба ҳаминаш ҳам шукр. Зани ҳамсоя аз рўи дилсўзӣ дода буд. Агар пои луч мемонд, чӣ мешуд? Магар ҳолӣ аз бозор кафш харидан мумкин аст? Эҳа, нарх дар осмон!
Раҳораҳ шавҳари беному нишонашро, хонаи ободи ба яғмо рафтаашро, молҳои ёфтшудаашро, ки дигар насибаш нест, ба ёд овард, ҳайрон шуд, ки чаро чунин зиндагии бесомон ба сар омад? Айби кист? Чаро абармарде пайдо намешавад, ки ин ҳама хориву зиллатро аз сари мардум дур андозад, ба хонадони онҳо оромиву сулҳу салоҳ орад? Худоё, кай ин рўзи сияҳ ба поён мерасад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё