Шоҳроҳи истиқлол

Худоё! Он рўзи касофатбор ба ногоҳ садои танку тир баланд шуд ва мардум молу ҳолашонро партофта, ҳаросон худро ба пахтазор заданд. Вақте ки «тўфон» гузашт, шўридабахтон хонаву ҷои хешро ғоратшудаву валангор дарёфтанд. Муҳаррам низ дар сандуқи замони арўсиаш моли тоза дошт, дунё ба умед гуфтаанд, ана–мана нагуфта духтараш ба воя мерасад, андархури имконаш ин ё он куртавории навбаромадро мехариду ба сандуқ меандохт. Шавҳараш норизоӣ мекард:
– Вақташ расад, меёбем, саросема нашав.
– Вақташ расад, кадоми инҳоро мехаред? Пеш–пеш ҷамъ кардан даркор.
Шавҳараш тан медоду вай бо ҳамсояҳо роҳи бозорро пеш мегирифт, то аз дасти ҷаллобе матоеро чанд маротиба қимматтар харидорӣ кунад. Кошкӣ ба он пулҳо гўшт мехариду маска мехариду қанду шакар мехарид. Аз даҳони бачаҳо, аз шиками бачаҳо заду ҳамин матоъҳоро харид. Аҷабо, дар Вахш ба ғорат бурданду дар ҷумъабозори Душанбе мефурўшанд.
Муҳаррам беҳушона ба ҷавон наздик шуд. Дасту пояш меларзид, банди дилаш меларзид. Сари ду по нишасту матоъҳоро як–як аз назар гузаронидан гирифт. Инаш «Ашки Аҳмади Зоҳир» ном дорад. Вақте ки ҳамин куртавориро харида ба хона овард, маълум гардид, ки кўзнок – чашмдор аст, яъне, каҷ даронда шудааст, димоғи шавҳараш сўхт, хеле ғур–ғур кард. «Наход бо ҳамин қадар нархи гарон ҳамин хел матои нуқсдорро харӣ? Калла дорӣ? Тафтиш кардан лозим буд!» Оре, тафтиш кардан лозим буд, аммо дар бозор чунон шўру қиём, афту хез, телаву тамба ҳукмфармост, ки худро гум мекунӣ, маҷол намеёбӣ, ки моли хариданиро дурусттар аз назар гузаронӣ. Ҳеҷ гап не. Дўзанда хуб бошад, каҷиву килебии матоъро ислоҳ мекунад.
Муҳаррами ҳаяҷонзада «Ашки Аҳмади Зоҳир»–ро кушод ва... Чӣ гўяд? Ҳама моли сандуқи ўст. Нафас дар гулўяш дармонд, забонаш дар ҳалқумаш часпид. Ҷавони молфурўш аз чизе пай бурд магар ки бо зарда гуфт:
– Хариданӣ бошӣ, зудтар интихоб кун. Чӣ хумор карда нишастаӣ?
Нигора, ки дар паҳлўи модараш рост меистод, дигар тоқат накарда, ба куртаи парпаргиребони хитоиаш чанг андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё